
Дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ як қатор кормандони соҳа, ки ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расидаанд, ба нафақа гусел карда шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни гусели онҳо саҳми арзандаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифро дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуда, барои солҳои тӯлонии фаъолияти содиқона, меҳнати фидокорона ва хизматҳои шоистаашон изҳори сипос намуд.
Зикр гардид, ки таҷрибаи ғанӣ ва саҳми ин шахсони соҳибтаҷриба дар пешрафти соҳаи маориф арзишманд буда, барои насли ҷавони омӯзгорон ҳамчун намунаи ибрат хизмат хоҳад кард.
Ба нафақагирон дар давраи минбаъдаи зиндагӣ саломатии бардавом, рӯзгори обод ва осоиштагӣ орзу карда шуд.





и ещё 2
Смотреть статистику
66
3
10










