
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони сохторҳои марбута, кормандони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, наҷотдиҳандагон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ саҳми кормандони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва наҷотдиҳандагон дар таъмини амнияти аҳолӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон таъкид гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус наҷотдиҳандагони далеру шуҷоъро ба муносибати ҷашни касбӣ самимона табрик намуд.
Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ зикр кард, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 32 соли фаъолияти худ ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳаёту саломатии аҳолӣ мавқеи арзандаи худро пайдо намудааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони соҳа дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҷустуҷӯ ва наҷоти шаҳрвандон, расонидани ёрии саривақтӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Зикр гардид, ки касби наҷотдиҳанда аз ҷумлаи касбҳои пурмасъулият ва пуршараф буда, намояндагони ин соҳа дар лаҳзаҳое ба кӯмаки мардум мешитобанд, ки ҳаёт ва саломатии инсонҳо дар хатар қарор дорад. Ҷасорат, матонат, омодагии баланди касбӣ ва фидокории наҷотдиҳандагон дар чунин лаҳзаҳо барои ҷомеа такягоҳи боэътимод ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи суханронӣ таваҷҷуҳ ба фаъолияти сохторҳои наҷотдиҳӣ дар минтақаи Зарафшон равона карда шуд. Таъкид гардид, ки Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон ҳашт сол боз фаъолияти пурсамар дошта, дар ин давра дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, анҷоми корҳои наҷотдиҳӣ ва таъмини амнияти сокинони минтақа саҳми назаррас гузоштааст.
Кормандони даста дар шароити гуногуни табиӣ ва иқлимӣ, аз ҷумла ҳангоми заминларза, сел, ярч, тарма, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, бо ҳисси баланди масъулият ба аҳолӣ хизмат менамоянд. Фаъолияти ин сохтор барои сокинони ноҳияи Айнӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшон аҳамияти муҳим дошта, ба таъмини амният ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Раиси ноҳия бо изҳори сипос аз фаъолияти содиқонаи кормандони соҳа таъкид намуд, ки дар паси ҳар як амалиёти наҷотдиҳӣ, ҳар як соати навбатдорӣ ва ҳар як сафари хизматӣ меҳнати шабонарӯзии инсонҳои ҷасур ва фидокоре қарор дорад, ки рисолати муқаддаси ҳифзи ҷони инсон ва хизмат ба Ватанро бо садоқат иҷро менамоянд.
Дар чорабинӣ ба тамоми кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва воҳидҳои наҷотдиҳӣ, бахусус наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон, барои хизмати содиқона, меҳнати шабонарӯзӣ ва фаъолияти пурмасъулияташон арзи сипос карда шуд.
Ҳамчунин изҳори итминон гардид, ки кормандони соҳа минбаъд низ бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ, дониш ва малакаи касбӣ, инчунин рӯҳияи баланди ватандӯстӣ рисолати худро сарбаландона идома дода, дар ҳифзи ҳаёту саломатии мардум ва таъмини амнияти ҷомеа саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми суханронӣ ба кормандони соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва наҷотдиҳандагон тансиҳатӣ, умри дароз, неруи қавӣ, саодати рӯзгор, осоиши аҳли оила ва дар фаъолияти пуршарафи хизматӣ комёбиҳои нав орзу карда шуд.
Дар қисмати хотимавии ҳамоиш ба як қатор кормандони соҳа барои хизмати содиқона ва фаъолияти пурсамарашон Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 16
Смотреть статистику
101
7
12










