
Истиқлоли давлатӣ поянда бод!
Бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба истиқболи ҷашни фархундаи миллат — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ, фарҳангиву сиёсӣ, суҳбату мулоқотҳо ва вохӯриҳои тарғиботӣ миёни сокинон вусъати тоза касб намудааст.
Дар ҳамин замина, дар Қасри фарҳанги «Боғистон»-и ноҳияи Айнӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ поянда бод!» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли зиё, адибону донишмандон, ходимони давлатӣ, ҳунармандони сатҳи ҷумҳурӣ, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тақвияти ғояҳои ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардид.
Дар оғози чорабинӣ зимни истиқболи меҳмонон Равшан Раҳимзода, -раиси ноҳияи Айнӣ зикр намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик марҳилаи нави таърихиро оғоз бахшида, барои ташаккули давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар кишвар корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ амалӣ гардида, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид шуд. Таъкид гардид, ки дастовардҳои имрӯзаи кишвар пеш аз ҳама ба фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, меҳнати содиқонаи мардуми кишвар ва сиёсати созандаву дурбинонаи роҳбарияти давлат иртибот доранд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ зимни суханронӣ иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлол бузургтарин дастоварди давлату миллати тоҷик ва асоси пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Номбурда иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам омада, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самтҳои иқтисод, саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмон ва дигар бахшҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Зайнура Азимӣ ҳамзамон таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аҳамияти хосса дорад. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо эҳсоси баланди масъулият, корҳои созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан таҷлил карда шавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар суханронии худ иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, зикр кард, ки соҳибистиқлолӣ барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то давлатдории миллӣ таҳким ёфта, корҳои бузурги созандагӣ ва ободонӣ дар саросари кишвар вусъат пайдо намоянд. Раиси ноҳия таъкид кард, ки ноҳияи Айнӣ низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маорифу фарҳанг ва ободонии маҳал корҳои зиёде амалӣ шудаанд.
Равшан Раҳимзода саҳми сокинони ноҳияро дар рушди кишвар муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи меҳнати содиқонаи мардум ва муҳити сулҳу суботи кишвар мебошад. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан мебошад.
Муовини якуми раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева зимни суханронӣ доир ба аҳамияти Истиқлол ва ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон андешаронӣ намуд. Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду арзиши бузурги таърихи навини Тоҷикистон ба шумор рафта, маҳз ба шарофати сулҳу субот ва сарҷамъии мардум кишвар роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифт.
Мавҷуда Бобоева таъкид намуд, ки Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар таҳкими ғояҳои ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлол ва муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа дар атрофи арзишҳои умумимиллӣ нақши муҳим дорад.
Дар идомаи қисми расмии чорабинӣ як қатор фаъолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҳкими сулҳу ваҳдат, тарғиби ғояҳои Истиқлоли давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву маърифатӣ бо Сипосномаи Шӯрои вилоятӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ин иқдом нишони эҳтиром ба фаъолияти шахсоне буд, ки дар тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа саҳми муносиб мегузоранд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки адибону донишмандон, ходимони давлатӣ ва ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Аҳли фарҳанг бо суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърҳои ба васфи Ватан, Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ бахшидашуда ва дигар барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Иштироки чеҳраҳои маъруфи адабиёту фарҳанг, донишмандон ва ҳунармандони сатҳи ҷумҳурӣ ба чорабинӣ мазмуну муҳтавои баланд бахшида, фазои Қасри фарҳанги «Боғистон»-ро саршор аз эҳсоси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватан намуд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ сабти барномаи телевизионӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, адибону донишмандон, ходимони давлатӣ, ҳунармандон ва иштирокчиёни чорабинӣ андешаҳои худро вобаста ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ, нақши ваҳдати миллӣ ва саҳми ҳар як шаҳрванди кишвар дар рушди Тоҷикистони муосир баён намуданд.
Чорабинии «Истиқлоли давлатӣ поянда бод!» дар фазои баланди тантанавӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ баргузор гардида, ба истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Баргузории чунин чорабиниҳои илмию маърифатӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва суҳбату мулоқотҳо дар доираи нақшаи тадбирҳои ҷашнӣ, ки бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода роҳандозӣ гардидаанд, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии шаҳрвандон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Истиқлоли давлатӣ поянда, Ваҳдати миллӣ ҷовидон ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу сарбаланд бод!
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 39
Смотреть статистику
162
29










