
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирем
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб намуда, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар деҳаи Зиндакони ноҳияи Айнӣ Бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти иҷтимоӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони ташкилоти байналмилалии хайриявии «Шарҷа» ва фаъолону сокинони деҳа иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳ раиси ноҳия таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии деҳот таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина, ҳамкориҳои судманди ташкилотҳои байналмилалии хайриявӣ ва шарикони рушд дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва ободонии кишвар қобили дастгирӣ буда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бунгоҳи саломатии деҳаи Зиндакон низ бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии хайриявии «Шарҷа» бунёд гардида, барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳа ва маҳаллаҳои атроф пешбинӣ шудааст. Муассиса дорои се ҳуҷраи корӣ буда, дар он 3 нафар корманд ба фаъолияти касбӣ ҷалб гардидаанд.
Бунгоҳ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ пурра таъмин гардида, аз ҷумла дастгоҳи ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), таҷҳизоти ташхиси бемориҳои дил, таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии тиббӣ ба занон ва дигар лавозимоти тиббӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, дар муассиса барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ҳуҷраи махсус ташкил гардида, бино бо об таъмин мебошад.
Фароҳам овардани чунин шароити мусоид имкон медиҳад, ки сокинони деҳот ба хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар маҳалли зисти худ дастрасии бештар пайдо намуда, барои ташхису пешгирии бемориҳо ба муассисаҳои тиббии муҷаҳҳаз муроҷиат намоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ ба намояндагони ташкилоти байналмилалии хайриявии «Шарҷа» барои саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва мусоидат ба беҳтар намудани дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии тиббӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳамкориҳои судманд арзи сипос кард.
Сокинони деҳа низ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди деҳот ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баён доштанд, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва Истиқлоли давлатӣ дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми худро мегузоранд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Айнӣ тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз деҳаи Зиндакон оғоз намуда, то рӯзи ҷашн дар тамоми деҳот корҳои ободонию созандагӣ ва чорабиниҳои идона идома хоҳанд ёфт. Сокинони ноҳия ин ҷашни умумимиллиро бо дастовардҳои арзанда, иқдомҳои созанда ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол мегиранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 36
Смотреть статистику
118
8
20










