Хабарҳои руз

Идомаи корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома дошта, дар доираи ин ташаббусҳо барои беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Яке аз чунин иқдомҳои созанда мумфаршкунии роҳи байнидеҳавии деҳаи Кум мебошад, ки бо саҳми аҳолии деҳа ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи корҳои ба нақша гирифташуда қариб 6 километр роҳи байнидеҳавӣ мумфарш гардида, паҳноии роҳ тақрибан 4 метрро ташкил медиҳад. Ғафсии қабати мумфарш вобаста ба хусусияти қитъаҳо аз 6 то 12 сантиметр буда, анҷоми ин корҳо ба беҳтар гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, осон шудани рафтуомади сокинон ва таҳкими робитаҳои байни деҳаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, бо сокинон ва фаъолони деҳа суҳбат анҷом дод. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва беҳтар намудани роҳҳои байнидеҳавӣ аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ дар ноҳия ба ҳисоб меравад.
Бо дуои пирони рӯзгордида ва нияти неки сокинон корҳои мумфаршкунӣ оғоз гардида, аҳли деҳа омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободии маҳалли зист изҳор намуданд.
Қобили зикр аст, ки корҳои созандагӣ дар деҳаи Кум танҳо бо мумфаршкунии роҳ маҳдуд намешаванд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, таъмиру таҷдиди клуби деҳа низ ба нақша гирифта шудааст.
Таваҷҷуҳ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва роҳҳои маҳаллӣ барои деҳоти баландкӯҳи ноҳия аҳамияти хос дорад. Роҳи обод на танҳо воситаи пайвастани маҳалҳо, балки яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои хизматрасонӣ ва таҳкими робитаҳои байни деҳот мебошад.
Имрӯз сокинони ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, барои боз ҳам зебо ва обод гардидани маҳалли зисти худ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамкории аҳолӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва мақомоти давлатӣ дар роҳи татбиқи ташаббусҳои созанда аз дастгирии ҳамаҷонибаи корҳои ободонӣ шаҳодат медиҳад.
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар ҳамчун санаи муҳими таърихӣ аҳамияти хос дошта, истиқболи он бо корҳои созанда ва дастовардҳои назаррас ба ҳукми анъана даромадааст. Бунёду навсозии иншооти иҷтимоӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо ва ободонии маҳалҳо аз ҷумлаи дастовезҳои арзанда ба ин ҷашни бузурги миллӣ мебошанд.
Мумфаршкунии роҳи байнидеҳавии деҳаи Кум низ гоми муҳиме дар самти беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ буда, бозгӯи азми сокинон ва роҳбарияти ноҳия барои рушди минбаъдаи деҳот мебошад.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ бо меҳнати созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ташаббусҳои ободкорона 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намуда, барои ободу зебо гардонидани диёри худ саҳми муносиб мегузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 14
Смотреть статистику

178

11

30

Leave a Reply

Back to top button