Хабарҳои руз

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

22 августи соли 2026 дар доираи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода баргузор гардид.
Қабули шаҳрвандон дар толори хурди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ доир гардида, дар рафти он як қатор сокинони ноҳия бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намуданд.
Зимни қабули шаҳрвандон масъалаҳои вобаста ба истифода ва тақсимоти замин, баҳсҳои заминӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, рушди соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, дастгирии шаҳрвандони ниёзманд, расонидани ёрии ройгон барои табобат, таъмин шудан бо ҷойи кор ва дигар мушкилоти рӯзмарраи сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро бо масъулияти баланд шунида, вобаста ба масъалаҳои пешниҳодгардида ба муроҷиаткунандагон тавсияву маслиҳатҳои зарурӣ ва судманд пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон бояд дар доираи қонунгузории амалкунанда, одилона ва сари вақт баррасӣ гардида, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар ҷараёни қабули шаҳрвандон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо менамуданд, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Масъулин вазифадор гардиданд, ки муроҷиатҳои ба онҳо вобасташударо ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти шаҳрвандон дар муҳлатҳои муқарраргардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Қабули мунтазами шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти давлатӣ яке аз роҳҳои муҳими таҳкими робитаи мустақим бо аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба ҳисоб меравад. Ин гуна мулоқоту қабули шаҳрвандон имкон медиҳад, ки роҳбарияти ноҳия аз мушкилоти воқеии сокинон бевосита огоҳ гардида, барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххас андешад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10
Смотреть статистику

45

1

2

Leave a Reply

Back to top button