Хабарҳои руз

Ободонӣ ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ вусъати тоза мегирад

Дар ноҳияи Айнӣ дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ, омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади боз ҳам зебову замонавӣ гардонидани симои маркази ноҳия корҳои бунёдкориву навсозӣ бо мароми тоза идома доранд.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои ободонӣ навсозии низоми равшанидиҳии маркази ноҳия мебошад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳияи Айнӣ чароғакҳои наву замонавӣ насб гардида истодаанд. Дар доираи ин иқдом дар масофаи умумии 2600 метр 51 адад чароғакҳои муосири равшанидиҳанда гузошта мешаванд.
Корҳои сохтмониву насбкунии чароғонкунӣ тамоми ҳудуди маркази ноҳияро фаро гирифта, ба беҳтар гардидани сатҳи равшанидиҳӣ, таъмини шароити мусоиди ҳаракати сокинону меҳмонон дар вақти шабона ва боз ҳам зебову ҷолиб гардидани муҳити марказ мусоидат хоҳад кард. Иҷрои корҳои мазкурро ширкати сохтмонии ҶДММ «Чашмаи Истиқлол» ба уҳда гирифтааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои ободонӣ бо мутахассисони соҳаҳои сохтмон ва меъморӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки корҳои равшанидиҳии марказ бояд бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сифати баланди сохтмон ба анҷом расонида шаванд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои насбу таҷҳизонидани чароғакҳоро босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода, то фарорасии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ноҳияро бо симои наву замонавӣ пешвоз гиранд.
Ҳамзамон, дар маркази ноҳия сохтмони иншооти муҳими хизматрасонӣ ва сайёҳӣ дар мавзеи «Насими Варз» идома дорад. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули сайёҳон, меҳмонон ва сокинон бунёд шуда, дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва хизматрасонии ноҳия нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар ошёнаи якуми ду бинои хизматрасонии ин маҷмаа ҷойҳои хӯрокистеъмолкунӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар онҳо ба сайёҳону меҳмонон намудҳои гуногуни хӯрок пешниҳод карда мешаванд. Дар ошёнаҳои дуюм бошад, меҳмонхонаҳо ва ҷойҳои барои иҷораи офисҳо пешбинӣ гардидаанд. Иншоот дар як вақт имкони қабули то 50 нафарро дошта, барои ташкили хизматрасонии босифат ба меҳмонон ва сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бунёди иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори бурунмарзӣ Шуҳрат Юсуфов амалӣ гардида истодааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он қариб 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, ки ин дар самти рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ноҳия иқдоми муҳим ба ҳисоб меравад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз иншоот бо сохтмончиёни пудратчӣ мулоқот намуда, ба масъалаи сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи муҳлати ба истифода додани иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ба масъулон дастур дода шуд, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом дода, то 9-уми сентябр иншоотро пурра омода ва дар рӯзи ҷашн ба истифода супоранд.
Тибқи иттилои масъулон, дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Насими Варз» тақрибан 90 фоиз иҷро гардида, корҳои боқимонда дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешаванд. Раиси ноҳия ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба сохтмончиён барои саҳми онҳо дар ободонӣ ва бунёди иншооти муҳими хизматрасонӣ изҳори сипос намуд.
Дар баробари ин, дар маркази ноҳияи Айнӣ сохтмони маркази савдо барои деҳқонон низ идома дорад. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкардаи деҳқонон бунёд шуда истодааст. Айни замон бино шишабандӣ гардида, корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ бо суръати баланд идома доранд.
Ба истифода додани маркази савдо барои деҳқонон имкон медиҳад, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ маҳсулоти зироатии худро дар шароити муносиб ва дар ҷойи муайяншуда ба фурӯш бароварда, мустақиман ба истеъмолкунандагон пешниҳод намоянд. Ин иқдом метавонад ба беҳтар гардидани шароити фаъолияти деҳқонон, рушди савдои маҳсулоти маҳаллӣ ва таъмини бозори маркази ноҳия бо маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.
Масъулон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар маркази савдои деҳқонон низ бо мароми тез идома дошта, ба нақша гирифта шудааст, ки иншоот дар арафаи ҷашнвора ба анҷом расонида шавад.
Дар маҷмӯъ, бунёду навсозии иншооти мазкур бозгӯи идомаи корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ буда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани маркази ноҳия, беҳтар шудани инфрасохтори хизматрасонӣ, рушди сайёҳӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Идомаи чунин корҳои созандагӣ дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳусни маркази ноҳияи Айнӣ таровати тоза бахшида, аз таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ободонии маҳал, рушди соҳибкорӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 43
Смотреть статистику

71

1

10

Leave a Reply

Back to top button