Хабарҳои руз

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо фаъолони ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ мулоқоти Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиёмиддин Давлатзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Айнӣ» №22, баргузор гардид.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо бо кормандон, сархатиби ноҳия, имомони масҷидҳо, намояндагони занону ҷавонон ва дигар фаъолон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи бевоситаи мақомоти қонунгузор бо мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои созандагиву ободонӣ аҳамияти муҳим доранд.
Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии «Айнӣ» №22 Қиёмиддин Давлатзода суханронӣ намуда, доир ба ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати муваффақонаи дохилӣ ва хориҷии кишвар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намуд.
Номбурда таъкид кард, ки таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла иқдомҳои марбут ба сулҳу рушди устувор ёдоварӣ карда шуд.
Дар идомаи мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён суханронӣ намуда, ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Зикр гардид, ки соли 2026 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ҳадафи ин иқдом, аз ҷумла, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.
Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид намуд, ки таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд баёнгари меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар бошад. Ӯ аз аҳли ҷомеа даъват намуд, ки дар ободонии маҳалли зист, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва таҳкими фазои сулҳу субот саҳми муносиб гузоранд.
Дар идомаи суханронӣ Шоҳиён ба таърихи давлатдории тоҷикон, аҳамияти ҳифзи забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ ишора намуда, таъкид кард, ки шинохти таърихи миллат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ барои насли ҷавон заминаи муҳими худшиносӣ мебошад.
Вай ҳамчунин аз воқеаҳои душвори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз рӯзҳои сахту сангин то давраи имрӯзаи созандагиву бунёдкорӣ мавриди муқоиса қарор дод. Ба гуфтаи ӯ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ заминаи асосии рушди минбаъдаи кишвар мебошанд.
Дар ин замина, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, низоъҳо ва таҳдидҳои гуногун низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, зарурати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, ҳушёриву эҳтиёткорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид гардид.
Масъалаи ҷавонон низ яке аз меҳварҳои муҳими мулоқот буд. Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, бояд бо донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, истифодаи дурусти имкониятҳои муосир ва фаъолияти созанда дар рушди Ватан саҳм гузоранд. Ин равиш бо таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба рушди маърифати ҷавонон ва истифодаи самараноки технологияҳои муосир ҳамоҳанг мебошад.
Дар баробари ин, масъалаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки зеҳни сунъӣ ҳамчун дастоварди муҳими замони муосир метавонад барои илму маориф, истеҳсолот, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварад, аммо истифодаи он бояд босаводона, масъулиятнок ва зери назорат сурат гирад. Аз ҷумла, ҷавонон бояд аз имкониятҳои технологияҳои нав барои донишомӯзӣ ва рушди касбӣ истифода намуда, аз таъсири манфии истифодаи нодурусти онҳо эмин бошанд. Дар сиёсати давлатӣ низ ба рақамикунонӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.
Шермуҳаммад Шоҳиён дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки ободии давлат аз ободии ҳар як хонадон, кӯча ва маҳалла оғоз меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд бо меҳнати ҳалол ва фаъолияти созанда дар пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан саҳмгузор бошад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ нақши муҳими Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, пешбурди сиёсати созанда ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, барои дастгириву ҳамкории пайваста изҳори қаноатмандӣ кард.
Равшан Раҳимзода, ҳамзамон, ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки рушди имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, заҳмати содиқонаи мардум ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошад.
Раиси ноҳия бо такя ба суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ буда, истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд бо корҳои созандагиву ободонӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамоҳанг бошад. Президенти кишвар таъкид кардаанд, ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро ободу озода намояд.
Равшан Раҳимзода зикр кард, ки ин ҳидояти Сарвари давлат барои ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла мардуми ноҳияи Айнӣ, вазифаи муҳим ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ба таъкиди ӯ, сокинони ноҳия бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, дар истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Раиси ноҳия ҳамчунин аз рушди соҳаҳои гуногун ва корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳар як дастоварди имрӯза бояд бо меҳнати содиқона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созандаи сокинон таҳким бахшида шавад.
Дар идомаи мулоқот раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода суханронӣ намуда, аз нақши Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва қабули санадҳои муҳими қонунгузорӣ ёдовар шуд. Ӯ инчунин заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар, бахусус хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолу озодӣ, тарбияи дурусти насли ҷавон ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ вазифаи умумии ҷомеа мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button