Хабарҳои руз

Идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди сохтмон ва бунёди як қатор иншооти иҷтимоиву варзишӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Рарз боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар деҳаи Похут дидан намуда, бо рафти бунёди муассисаи таълимии томактабӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур барои 80 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар он ба марҳилаи анҷомёбӣ расидаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин муассиса на танҳо имконияти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсил фароҳам мегардад, балки барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ низ таъсис дода мешаванд.
Сипас Раиси ноҳия аз раванди сохтмони майдони варзишӣ дар деҳаи Рарз дидан намуд. Масъулин иттилоъ доданд, ки айни ҳол корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, майдон пурра гирдбаст гардида, панҷараҳои муҳофизатӣ насб шудаанд. Иншоот беш аз 90 фоиз омода буда, баъди анҷоми корҳои боқимонда барои истифодаи ҷавонону варзишгарон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Фатмев боздид намуд. Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур бо суръати баланд идома дошта, ҳамзамон дар назди муассиса майдони Парчами давлатӣ, майдончаи варзишӣ ва гулгашти замонавӣ бунёд карда мешаванд. Ин иқдом барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ барои хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Зимни боздид Раиси ноҳияи Айнӣ бо масъулини соҳаи сохтмону меъморӣ, намояндагони ташкилотҳои пудратӣ ва сохтмончиёни иншооти ҷашнӣ суҳбату мулоқот анҷом дод. Ӯ ба масъулин дастур дод, ки сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал қарор гирифта, ҳамаи корҳои пешбинишуда мутобиқ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ба масъалаҳои истифодаи босифати масолеҳи сохтмонӣ, риояи қоидаҳои техникиву муҳандисӣ, ободонии гирду атрофи иншоот, кабудизоркунӣ ва таъмини бехатарии меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Раиси ноҳия саҳми сохтмончиён ва сокинони фаъолро дар пешрафти корҳои созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои рушди инфрасохтори деҳот, беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсилу варзиш барои насли наврас аҳамияти калон дорад.
Дар фарҷоми боздид ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва омода намудани иншоотҳо барои мавриди истифода қарор додан дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои анҷоми босифат ва саривақтии онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button