Хабарҳои руз

Ситоди назди Раиси ноҳияи Айнӣ оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба рафти бунёд ва ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ, суръат бахшидан ба сохтмони иншооти ҷашнӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода супоридани онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки мутобиқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Айнӣ бунёди 595 адад иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардида буд. Бо дарназардошти талаботи рушди минбаъдаи ноҳия дар соли 2026 боз 134 адад иншооти иловагӣ ба нақша ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии иншооти ҷашнӣ ба 729 адад расонида шуд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид карда шуд, ки ҳар як сокини ноҳия бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ, садоқат ба давлату миллат ва ифтихор аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, саноатӣ, варзишӣ ва дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои сардори Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Шоҳвар Давронов айни замон аз шумораи умумии иншооти ба нақша гирифташуда 675 адад иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 882 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда 113,4 фоизи нақшаи ибтидоии пешбинишударо ташкил медиҳад, ки аз иҷрои босифат ва натиҷабахши корҳои созандагӣ дар ноҳия шаҳодат медиҳад.
Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳия ҳамаи масъулинро вазифадор намуд, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом дода, истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда ва руҳияи баланди созандагӣ таъмин намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button