Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ҳуҷраҳои кории иловагии Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ба фаъолият оғоз намуд

Дар ноҳияи Айнӣ маросими ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории иловагии Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон баргузор гардид.
Дар чорабинии ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, сардори Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Насриддин Низомзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия, инчунин дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон бо шароити муҳайёшуда дар филиали навтаъсис шинос гардиданд. Зикр шуд, ки шуъба аз ду ҳуҷраи корӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст ва барои фаъолияти босамари кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ ифтитоҳи ҳуҷраҳои кории иловагии мазкурро қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми муқовимат ба коррупсия, таъмини қонуният ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид кард, ки сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста тақвият ёфта, барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Раиси ноҳия аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, изҳор дошт: «Муқовимат ба коррупсия вазифаи танҳо як мақомот набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад». Таъкид гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон ба пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа ноил гардид.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ба фаъолият оғоз намудани шуъбаи мазкур барои сари вақт баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти давлатӣ дар водии Зарафшон мусоидат хоҳад кард.
Сардори Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Насриддин Низомзода зимни баромади худ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъсиси ҳуҷраҳои иловагӣ дар ноҳияи Айнӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки таъсиси ҳуҷраҳои иловагии шуъбаи мазкур дар маркази ноҳияи Айнӣ имконият медиҳад фаъолияти Агентӣ дар минтақа боз ҳам густариш ёфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирӣ ва ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Ӯ таъкид кард, ки кормандон фаъолияти худро дар асоси қонунмандӣ, шаффофият, касбият ва масъулияти баланд ба роҳ монда, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия тамоми неру ва имкониятҳои худро равона хоҳанд кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён таъсиси ҳуҷраҳои навро дар ноҳия иқдоми муҳим дар самти таҳкими қонуният, ҳифзи манфиатҳои давлат ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ арзёбӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдаи он комёбиҳо орзу карданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 11
Смотреть статистику

162

2

28

Leave a Reply

Back to top button