
Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ субҳи имрӯз дар тарабхонаи «Фараҳбахш»-и маркази ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона кӯдакони имконияташон маҳдуди ноҳия, волидони онҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамасола ҷиҳати дастгирии иҷтимоии кӯдакон, бахусус кӯдакони имконияташон маҳдуд, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, солимгардонӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Чорабинии мазкур низ дар доираи ҳамин сиёсати иҷтимоӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, ҳозирин ва бахусус кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфт. Зимни суханронӣ раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳифзу ҳимояи кӯдакон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврас аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки ҳамасола 1 июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи онҳо бахшида шудааст.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати башардӯстона ва иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ низ пайваста баҳри дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд, беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳамчунин зимни чорабинӣ фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Дастгирии маъюбони ноҳияи Айнӣ» мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Қайд карда шуд, ки ташкилоти мазкур бо ҳамкории пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти дастгирӣ ва фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд фаъолияти назаррас анҷом медиҳад.
Раиси ноҳия ба роҳбарияти ташкилот, бахусус роҳбари он Хисрав Юлдоштов, барои саҳми арзанда дар дастгирӣ ва таълиму тарбияи кӯдакон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҳамкориҳоро бо чунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои иловагӣ меандешад.
Дар идомаи чорабинӣ барои кӯдакон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардида, суруду таронаҳо, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ба фазои идона шукуҳу шаҳомати бештар бахшиданд. Иштирокчиён аз ташкили чунин чорабинии хотирмон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти ноҳия барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон арзи сипос карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи кӯдакони иштирокчӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Фонди хайриявии «Чашмаи умед» туҳфаҳои идона тақдим гардида, барои онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва ояндаи дурахшон таманно карда шуд.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Айнӣ бозгӯи сиёсати иҷтимоии давлат ва ғамхории пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нисбат ба кӯдакон мебошад. Зеро тарбияи насли солим, соҳибмаърифат ва ватандӯст омили муҳими пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони кишвар ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 11
Смотреть статистику
76
3
18










