
1 июни соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Чорабинии идона дар назди Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и деҳаи Сангистон бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва кӯдакону наврасон баргузор шуд.
Қобили зикр аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамасола 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана яке аз рӯзҳои муҳими тақвимӣ ба шумор рафта, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон бахшида шудааст.
Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз шароити таълиму тарбия ва фаъолияти муассисаи томактабӣ дидан намуда, бо мураббияҳо ва тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ анҷом дод. Зимни боздид ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, барои онҳо фазои идона муҳайё карда шуд.
Сипас, дар қисми расмии чорабинӣ Раиси ноҳия иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, иброз дошт, ки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу ҳимояи кӯдакон, таҳкими оила ва тарбияи насли солиму соҳибмаърифат равона гардидааст.
Зикр гардид, ки мутобиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб, таълиму тарбияи онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди маънавию ҷисмониашон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Равшан Раҳимзода дар идомаи суханронӣ ба кӯдакону наврасон муроҷиат намуда, онҳоро ҳамчун насли ояндасози кишвар арзёбӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо донишу маърифат, хониши аъло, дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.
Дар доираи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии маркази ноҳия манзури ҳозирин гардонида шуд. Кӯдакон бо қироати шеърҳо, иҷрои сурудҳои ватандӯстона, рақсу саҳначаҳои ҷолиб хотири иштирокчиёнро болида сохтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор сармураббияҳои фаъол, кормандони пешқадами соҳа ва тарбиятгирандагони болаёқате, ки дар озмунҳо ва чорабиниҳои гуногун иштироки фаъолона доштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бори дигар собит намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро кӯдакон сарвати бебаҳои миллат, идомадиҳандагони роҳи созандагӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 45
Смотреть статистику
72
1
22










