Хабарҳои руз

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фарзандони азиз, наврасону кӯдакони хуштолеи ноҳияи Айнӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии комил, рӯзгори пурнишот, таҳсили аъло ва ояндаи дурахшон орзу менамоям.
Кӯдакон ва наврасон беҳтарин неъмати зиндагӣ, ифтихори ҳар як оила ва умеди фардои ҷомеа мебошанд. Маҳз Шумо ҳастед, ки сарнавишти ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба даст гирифта, бо донишу маърифат, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстии худ барои пешрафти Ватани азиз саҳм хоҳед гузошт.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу рушди онҳо тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангиву маърифатӣ аз ҷумлаи ғамхориҳои давлат нисбат ба насли наврас мебошад.
Имрӯз аз ҳар яки Шумо интизор меравад, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намуда, илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навро аз худ кунед, ба омӯзишу мутолиа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед ва ҳамчун шаҳрвандони арзандаи Тоҷикистон ба камол расед.
Боварии комил дорам, ки фарзандони ноҳияи Айнӣ бо истеъдод, заковат ва кӯшишҳои созандаи худ дар оянда номбардори диёр ва давлату миллат хоҳанд шуд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш самимона табрик гуфта, бароятон кӯдакии хуш, осмони соф, муҳити пурмеҳри хонаводагӣ ва муваффақиятҳои пайваста орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!

Показать меньше
Возможно, это изображение текст
Смотреть статистику

211

7

13

Leave a Reply

Back to top button