Хабарҳои руз

Боздиди роҳбарият аз минтақаҳои аз сел зарардидаи ноҳияи Айнӣ

2 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва роҳбарони мақомоти қудратӣ аз минтақаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳия боздид намуданд.
Зимни сафар ҳайати расмӣ аз мавзеи Дашти Сангистон ва Кӯҳрӯд дидан карда, бо вазъи баамаломада аз наздик шинос шуданд. Масъулин аз манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, роҳҳои дохилидеҳагӣ, ҷӯйборҳо, иншооти инфрасохторӣ ва қитъаҳои кишоварзие, ки дар натиҷаи сел осеб дидаанд, боздид намуда, бо сокинони зарардида суҳбат анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки бар асари боришоти шадиди шаби 1 июн сел омада, ба роҳҳо, ҷӯйборҳо, заминҳои кишоварзӣ ва як қатор манзилҳои истиқоматӣ зарар расонидааст. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техника ва қувваҳои зарурӣ сафарбар гардида, корҳои тозакунии роҳҳо, барқарорсозии ҷӯйборҳо ва дигар иншооти осебдида идома доранд.
Равшан Раҳимзода зимни мулоқот бо сокинон изҳор дошт, ки мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор барои расонидани кӯмаки зарурӣ ва ҳарчи зудтар барқарор намудани зиндагии муқаррарии мардум тамоми имкониятҳоро истифода хоҳанд бурд.
Айни замон ситоди доимамалкунанда фаъолият дошта, корҳои омӯзишӣ, баҳогузории хисорот ва бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ бо ҷалби тамоми сохторҳои масъул идома доранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи
и ещё 48

Смотреть статистику

 

165

 

23

 

28

Leave a Reply

Back to top button