Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ вусъат меёбанд

Дар ноҳияи Айнӣ корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ бо ҷалби сохторҳои дахлдор, техникаҳои махсус ва иштироки фаъоли сокинон муташаккилона идома доранд. Бо мақсади мусоидат ба ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва муайян намудани тадбирҳои иловагӣ, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида боздид ба амал овард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел ба як қатор иншооти инфрасохторӣ, роҳҳои маҳаллӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, боғу заминҳои кишоварзӣ ва баъзе манзилҳои истиқоматӣ зарар расидааст. Бо дастури роҳбарияти ноҳия барои ҳарчи зудтар барқарор намудани шароити муқаррарии зиндагии сокинон ситоди махсус таъсис дода шуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офат шабонарӯзӣ идома доранд.
Дар назди оромгоҳе, ки аз сел осеб дидааст, корҳои санитариву тозакунӣ ба роҳ монда шуда, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ дар поксозии ҳудуд аз лойоба, сангу шағал ва дигар партовҳои овардаи сел саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, дар роҳи мошингарди Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ техникаҳои пуриқтидор сафарбар гардида, роҳ аз сангрезаҳо ва лойобаҳо тоза карда мешавад. Ин тадбир барои таъмини ҳаракати бемамониати нақлиёт ва барқарор намудани робитаи доимии байни маҳалҳо аҳамияти муҳим дорад.
Дар манзилҳои истиқоматии аз офати табиӣ зарардида корҳои бартарафсозии харобиҳо ва расонидани кумакҳои аввалиндараҷа идома дошта, ҳолати ҳар як оила мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Инчунин, барои барқарор намудани боғҳо ва заминҳои кишоварзии осебдида чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҷараёни тоза намудани заминҳо аз таҳшинҳои сел ва омода кардани онҳо барои истифодаи минбаъда идома дорад.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон ва масъулини соҳа таъкид намуд, ки тамоми имконияту захираҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида сафарбар карда мешаванд.
Корҳои барқарорсозӣ дар ҳамаи мавзеъҳои осебдидаи ноҳия тибқи нақша идома дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати рафъи пурраи оқибатҳои офат ва таъмини амнияти сокинон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 29
Смотреть статистику

120

2

17

Leave a Reply

Back to top button