
Дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ тадбирҳои нав амалӣ мегарданд. Бо ин мақсад, дар заминҳои корами хоҷагии деҳқонии ба номи Туғрал бори аввал кишти кӯчатҳои помидор бо усули обёрии қатрагӣ роҳандозӣ мешавад.
Зимни боздид аз ҷараёни омодасозии замин ва насби шабакаи обёрии қатрагӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки татбиқи чунин усул яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, сарфаи захираҳои об ва рушди кишоварзии муосир ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи масъулон, обёрии қатрагӣ имкон медиҳад, ки об мустақиман ба қисми решаи растанӣ расонида шуда, талафоти он коҳиш ёбад. Ин усул на танҳо истифодаи оқилонаи обро таъмин мекунад, балки барои беҳтар шудани нашъунамои растанӣ, кам гардидани хароҷоти истеҳсолӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳосил низ мусоидат менамояд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо кишоварзон зикр кард, ки дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим ва зарурати сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти махсус дорад. Ӯ афзуд, ки дар сурати ба даст омадани натиҷаҳои назаррас, таҷрибаи мазкур дар дигар хоҷагиҳои ноҳия низ густариш дода хоҳад шуд.
Тибқи нақша, пас аз анҷоми корҳои омодагӣ ва насби пурраи шабакаи обёрии қатрагӣ, кӯчатҳои помидор дар майдони муайян шинонида мешаванд. Мутахассисон умедворанд, ки истифодаи ин технология ба баланд гардидани ҳосилнокӣ ва таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Мақомоти ноҳияи Айнӣ рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакор ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 19
Смотреть статистику
51
1
5










