
Айнӣ, 3 июни соли 2026. —
Субҳи имрӯз, соати 07:00, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ оид ба баррасӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиие, ки рӯзҳои охир бар асари боришоти шадид дар як қатор деҳоти ноҳия ба амал омад, баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, роҳбарони сохторҳои дахлдор, аъзои ситоди ҳолатҳои фавқулода ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, рӯзҳои 1 ва 2 июни соли 2026 дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Рарз ва Шамтучи ноҳия сел ба амал омада, ба як қатор иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, инчунин ба моликияти шаҳрвандон зарар расонидааст. Бар асари ин ҳодиса ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, кӯчаҳо, роҳравҳо ва чанд манзили истиқоматӣ хисороти муайян ворид гардидааст.
Зимни кори ситод роҳбарони гурӯҳҳои кории ба минтақаҳои осебдида сафарбаршуда аз вазъи воқеии маҳал, ҳаҷми аввалияи зарар ва корҳои анҷомдодашуда гузоришҳои муфассал пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба баҳогузории хисорот, расонидани ёрии фаврӣ ба аҳолии зарардида ва барқарорсозии инфрасохтори осебдида мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми воқеии зарар, ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ, расонидани кумаки зарурӣ ба оилаҳои осебдида ва пешгирии ҳолатҳои эҳтимолии минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бо қарори ситод гурӯҳҳои доимамалкунанда таъсис дода шуда, онҳо аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва дигар ниҳодҳои марбута ба минтақаҳои зарардида сафарбар гардиданд. Вазифаи асосии гурӯҳҳои мазкур омӯзиши вазъ дар маҳал, баҳодиҳии дақиқи хисорот ва андешидани чораҳои фаврӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва кӯмак ба сокинони зарардида мебошад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор барои расонидани кумаки ҳамаҷониба ба аҳолии зарардида ва ҳарчи зудтар ба ҳолати муқаррарӣ баргардонидани ҳаёти сокинони минтақаҳои осебдида тамоми имконияту захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд намуд.
Масъулин инчунин иттилоъ доданд, ки бинобар идома доштани боришот дар баъзе минтақаҳои ноҳия омӯзиши пурраи ҳаҷми зарар ҳанӯз ба анҷом нарасидааст. Дар айни замон кормандони бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия дар маҳалҳо фаъолият бурда, корҳои муайянсозӣ ва баҳогузории хисоротро идома медиҳанд.
Хушбахтона, дар натиҷаи тадбирҳои саривақтии огоҳонӣ ва корҳои пешгирикунандаи мақомоти дахлдор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Айни ҳол корҳои омӯзишӣ, тозакунии минтақаҳои зарардида ва бартарафсозии оқибатҳои сел идома дошта, маълумоти иловагӣ вобаста ба ҳаҷми умумии хисорот ва натиҷаҳои корҳои барқарорсозӣ баъдан пешниҳод карда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










