
Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва хизматрасонӣ бо суръати баланд идома дорад.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми соҳибкорони ватандӯст дар минтақа даҳҳо иншооти нав бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Яке аз чунин ташаббусҳои шоистаи сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Урметани ноҳия амалӣ гардида истодааст. Дар маҳаллаи Исковати деҳаи Урметан аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Меҳрон Давронов аввалин муассисаи таълимии томактабии хусусӣ дар ноҳия бунёд мешавад.
Меҳрон Давронов дар ҷойи хонаҳои қадимаи оилавии худ бинои замонавии чорошёнаро бунёд менамояд. Баъди ба истифода додан ба яке аз беҳтарин марказҳои таълиму тарбияи кӯдакон дар ноҳия табдил хоҳад ёфт. Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми бино мағозаҳо ва марказҳои гуногуни хизматрасонии иҷтимоӣ ҷойгир шуда, ошёнаҳои дуюм ва сеюм барои таълиму тарбияи кӯдакон пешбинӣ гардидаанд. Дар ошёнаи чорум бошад, майдончаи васеи бозию фароғатӣ барои кӯдакон бо тамоми шароити муосир сохта мешавад.
Муассисаи мазкур бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ, ҳуҷраҳои бароҳати машғулиятгузаронӣ, толорҳои бозӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон муҳити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон дар назди ин бинои муҳташам аз ҷониби аҳли маҳаллаи Исковат тарабхонаи замонавӣ низ сохта мешавад. Айни замон беш аз 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, танҳо корҳои насбу васли таҷҳизот ва муҷаҳҳазгардонии дохилӣ боқӣ мондааст.
Дар ошёнаи якуми тарабхона ошхонаи замонавӣ бо дегҳои калон ва хурд, ҷойҳои омодасозӣ ва истеъмоли хӯрок, бахши шустушӯи зарфҳо, ҳуҷраҳои хизматрасонӣ ва нигоҳдории лавозимоти зарурӣ ташкил гардидааст. Ошёнаи дуюм бошад, ҳамчун толори барҳаво ва замонавии баргузории маъракаҳо ва чорабиниҳои гуногун омода карда шудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ бо сохтмончиён, соҳибкорон ва шахсони ташаббускор мулоқот намуда, барои саҳми арзандаашон дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва ободонии ноҳия изҳори сипосу қадрдонӣ кард.
Ӯ таъкид намуд, ки сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби сармоя, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Раиси ноҳия афзуд, ки бунёди муассисаи таълимии томактабӣ ва марказҳои хизматрасонӣ на танҳо барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд, балки дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ низ нақши муҳим дорад.
Зимни суҳбат бо фаъолон ва сокинон дастуру супоришҳои Пешвои миллат расонида шуда, таъкид гардид, ки ҳар як сокини ватандӯст бояд дар корҳои созандагию ободонӣ, рушди маҳал ва тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузорад.
Бо ин мақсад аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки таъкид намудаанд: “Сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас беҳтарин сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад”.
Сокинони деҳаи Урметан чунин иқдомҳои созандаро намунаи олии ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки бо ба истифода додани иншооти нав барои кӯдакон ва аҳолии деҳа шароити боз ҳам беҳтари таълиму тарбия ва хизматрасонӣ фароҳам хоҳад шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмон ва навсозии даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматрасонӣ идома дошта, онҳо ба рушди минбаъдаи ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 13
Смотреть статистику
90
10
8









