Хабарҳои руз

Идомаи корҳои мумфаршкунӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ корҳои мумфаршкунӣ ва бетонпӯш намудани роҳҳои дохилидеҳавӣ бо маром идома доранд.
То имрӯз дар деҳаи мазкур зиёда аз 3 километр роҳҳои дохилидеҳавӣ тахту ҳамвор гардида, мумфаршу бетонпӯш карда шудаанд. Барои иҷрои ин корҳои муҳими инфрасохторӣ наздики 2 миллион сомонӣ маблағ масраф гардида, корҳои сохтмонӣ ҳоло ҳам идома доранд.
Дар оғози марҳилаи навбатии корҳои мумфаршкунӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо сокинон, фаъолон ва ҷавонони деҳа дар корҳои ободонӣ саҳм гузошт. Зимни суҳбат бо аҳолӣ ӯ таъкид намуд, ки рушду ободии маҳалҳо, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори мамлакат роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дохилидеҳавӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Раиси ноҳия зимни мулоқот бо сокинони деҳаи Урметан дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ба аҳолӣ расонида, изҳор дошт, ки ҳар як сокин бояд дар корҳои ободонӣ, тозагии муҳити зист, нигоҳдории роҳҳо ва рушди деҳаи худ саҳми арзанда гузорад. Ӯ ҳамчунин аз ҳамбастагӣ ва ташаббускории сокинони деҳа дар амалисозии чунин корҳои созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки корҳои мумфаршкунӣ ва беҳсозии инфрасохтор дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ пайгирона идома хоҳанд ёфт.
Сокинони деҳаи Урметан аз иқдомҳои ободонӣ истиқбол намуда, зикр карданд, ки мумфарш гардидани роҳҳо ба беҳтар шудани рафтуомад, рушди фаъолияти иқтисодӣ ва фароҳам гардидани шароити мусоид барои зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ ҳамасола на танҳо шоҳроҳҳо, балки роҳҳои дохилиноҳиявӣ ва байнидеҳавӣ низ мумфаршу бетонпӯш гардида, корҳои тозакунӣ ва ободонӣ мунтазам анҷом дода мешаванд. Ин иқдомҳо нишонаи фарҳанги баланди шаҳрдориву деҳотсозӣ ва ҳисси масъулияти сокинон нисбат ба ободии диёри худ мебошанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 12
Смотреть статистику

99

5

16

Leave a Reply

Back to top button