Хабарҳои руз

Идомаи корҳои ободониву тозакорӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободонӣ, созандагӣ ва тозакорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба таври мунтазам идома доранд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар тамоми ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардида, сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони маҳаллӣ дар корҳои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист иштироки фаъолона менамоянд.
Зимни ин маъракаҳои дастаҷамъона корҳои тозакунии шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, роҳи мошингарди Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ ва роҳи байналмилалии Душанбе – Самарқанд, инчунин канори роҳҳо, ҷӯйборҳои аз офати табиӣ зарардида, назди хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон соҳилҳои дарёи Зарафшон аз партовҳо тоза гардида, барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ ва экологӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои ободонӣ ба тармиму ҳамворсозии роҳҳои байнидеҳавӣ равона шудааст. Бо ҷалби сокинон ва истифода аз техникаҳои зарурӣ роҳҳои дохилии деҳаҳо тахту ҳамвор карда шуда, барои ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Ин иқдомҳо ба беҳтар шудани инфрасохтори маҳаллӣ ва баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузошта, барои зебову назаррабо гардидани маҳалли зист ва муҳити атроф талош менамоянд. Иштироки фаъоли мардум нишон медиҳад, ки фарҳанги шаҳрдорӣ ва муносибати ғамхорона ба муҳити зист дар байни аҳолӣ рӯз ба рӯз тақвият меёбад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъкид менамояд, ки чунин чорабиниҳои тозакорӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар давоми сол идома ёфта, барои таъмини муҳити солим, беҳдошти вазъи экологӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бо чунин иқдомҳои созанда ноҳияи Айнӣ дар роҳи истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, симои ободу зебои худро боз ҳам бештар мукаммал мегардонад.
и ещё 56
Смотреть статистику

38

1

6

Leave a Reply

Back to top button