Хабарҳои руз

Дар деҳаи Нарвади Ҷамоати деҳоти Фондарё роҳи байнидеҳавӣ мумфарш карда шуд

Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Нарвади Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ корҳои ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми сокинони ватандӯсту ободкори деҳаи Нарвад мумфаршкунии роҳи банидеҳавӣ оғоз гардида, дарозии он зиёда аз 2000 метр ва паҳноияш 3 метрро ташкил медиҳад. Барои татбиқи ин ташаббуси муҳим зиёда аз 500 тонна маводи сохтмонӣ бо 25 мошин ба маҳал интиқол дода шуда, арзиши умумии корҳо беш аз 800 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Қабл аз оғози корҳои сохтмонӣ дар деҳа маҷлиси сайёри мақомоти марбутаи соҳавӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони сохторҳои вобаста ва фаъолони маҳаллӣ баргузор гардид. Зимни он раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба самъи ҳозирин расонид.
Таъкид гардид, ки роҳ яке аз омилҳои муҳими пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, беҳтар гардидани ҳолати роҳҳо ба рушди соҳибкорӣ, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Аз ҷумла, деҳаи Нарвад дар масири минтақаи машҳури сайёҳии Искандаркӯл ҷойгир буда, мумфарш гардидани роҳ барои ҷалби бештари сайёҳон, рушди хизматрасониҳои маҳаллӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия аҳамияти калон дорад.
Дар деҳаи Нарвад айни замон 116 хоҷагӣ бо 625 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ дар деҳа сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ошёнаи дуюми Хонаи фарҳанг, бунёди мактаби нав, бунгоҳи саломатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Равшан Раҳимзода – Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯзҳо сокинони ноҳияи Айнӣ дар татбиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Маҳз ҳиммати баланди фарзандони бонангу номус ва шахсони саховатпешаи диёр боис гардидааст, ки симои деҳаҳо рӯз ба рӯз ободу зебо гардад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо саҳми фарзандони бонангу номуси деҳаи Дижик беш аз 6 километр роҳ мумфарш гардида, дар деҳаи Урметан низ зиёда аз 2 километр роҳ бо сифати баланд таъмиру мумфарш карда шуд. Ин ташаббусҳои нек намунаи равшани ватандӯстӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии сокинон буда, барои дигар маҳалҳо низ ибрат мебошанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, ҳар як маҳалла ва ҳар як деҳа оғоз меёбад». Маҳз дар заминаи ҳамин сиёсати созанда имрӯз сокинони ноҳияи Айнӣ бо ҳисси баланди масъулият барои рушди маҳалли зисти худ саҳм мегузоранд.
Имрӯз дар байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои ноҳия рӯҳияи созандаи ободкорӣ бештар эҳсос мегардад. Ҷамоати деҳоти Фондарё низ бо такя ба ташаббусҳои сокинон ва дастгирии мақомоти маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар сафи пеши ҷамоатҳои ободу пешрафтаи ноҳия қарор гирад. Албатта, кадом деҳа ё ҷамоат сазовори ҷойи аввал мегардад, пеш аз ҳама аз ҳиммат, ҳамдилӣ ва саҳми мардони бонангу номуси он вобаста аст ва вақт беҳтарин довар хоҳад буд.
Сокинони деҳаи Нарвад изҳор доштанд, ки минбаъд низ барои ободии диёр, рушди инфрасохтор ва татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми фаъол хоҳанд гузошт.
Корҳои мумфаршкунии роҳи банидеҳавӣ дар Нарвад намунаи равшани ҳамкории мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ буда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ҷамоати деҳоти Фондарё заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 20
Смотреть статистику

113

6

4

Leave a Reply

Back to top button