Хабарҳои руз

Дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иншооти нави сайёҳӣ бунёд мегардад

Таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бахшида ба ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди ноҳия корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ бунёд гардида, барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат менамоянд.
Яке аз чунин иқдомҳои муҳим дар деҳаи Дижики Ҷамоати деҳоти Фондарё амалӣ шуда истодааст. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми соҳибкори ватанӣ Икромҷон Камолов дар ин мавзеъ сохтмони як маҷмааи муосири сайёҳӣ ҷараён дорад.
Иншооти мазкур дар канори роҳи мошингарди самти Искандаркӯл ҷойгир буда, аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва имконияти ҷалби сайёҳон мавқеи хеле мувофиқро соҳиб мебошад. Дар доираи лоиҳа бунёди катҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ дар соҳили дарё, осиёби обӣ, нонвойхона, мағозаи калон, маркази савдо, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан пешбинӣ шудааст. Ин тадбир барои фароҳам овардани шароити мусоид ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва мусофирони роҳи Искандаркӯл аҳамияти калон дорад.
Айни замон дар ҳудуди маҷмаа 7 адад айвончаҳои истироҳатии наздисоҳилӣ сохта шуда, тибқи нақша дар ояндаи наздик шумораи онҳо зиёд карда мешавад. Ҳамзамон осиёби обии иншоот пурра омода гардида, соҳибкор тасмим дорад онро ба истифода дода, бо орди аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсолшуда нони гарм ва хушсифатро барои сокинони минтақа ва меҳмонон пешниҳод намояд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки рушди инфрасохтори сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Номбурда иброз дошт, ки чунин ташаббусҳо ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Айнӣ мусоидат мекунанд.
Раиси ноҳия инчунин қайд намуд, ки бо назардошти мавқеи мусоиди ин мавзеъ дар масири яке аз роҳҳои серҳаракати сайёҳӣ, бунёди чунин маҷмаа метавонад ба нуқтаи ҷолиби истироҳат ва таваққуфи сайёҳон табдил ёбад. Ӯ аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки дар корҳои созандагӣ ва ободонии ноҳия фаъолона саҳм гузошта, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа нақши муассир гузоранд.
Сокинони деҳа низ аз татбиқи чунин лоиҳа истиқбол намуда, онро барои рушди сайёҳӣ, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғли аҳолӣ муҳим арзёбӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншооти таъиноти гуногун сохта ва мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки ҳамаи онҳо ба пешрафту ободии диёр ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидаанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 15
Смотреть статистику

129

5

8

Leave a Reply

Back to top button