
Дар партави сиёсати бунёдкорона ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ рӯз аз рӯз густариш ёфта, симои шаҳраку деҳоти ноҳия боз ҳам зеботар мегардад.
Бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар тамоми ҳудуди ноҳия сохтмон ва навсозии як қатор иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маорифӣ идома дошта, сокинон низ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар татбиқи ҳадафҳои созанда саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Яке аз чунин корҳои назаррас дар деҳаи Дижик амалӣ шуда истодааст. Бо ибтикори шахсони саховатпешаи деҳа ва дастгирии аҳолӣ дар масофаи зиёда аз як километр байни деҳа девори муҳофизатӣ аз сангҳои маҳаллӣ бунёд мегардад. Ин иқдом пеш аз ҳама барои нигоҳдории тозагӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингард ва пиёдагард, инчунин ободу зебо гардонидани муҳити зист мусоидат хоҳад кард.
Бо роҳбарии фаъоли Бобоназар Соҳибназаров ва сафарбар намудани сокинон дар деҳа як қатор корҳои созандагӣ ба анҷом расида, иқдомҳои нав низ роҳандозӣ мешаванд. Ин ҳамкории аҳолӣ намунаи равшани дастгирии сиёсати созандаи давлат ва ҳисси баланди масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.
Имрӯз фарҳанги зебоипарастӣ ва ободкорӣ дар байни сокинони ноҳия беш аз пеш тақвият ёфтааст. Мардуми ноҳия дар маҳалҳои зисти худ хонаҳои замонавӣ, мағозаҳо, толорҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти иҷтимоии заруриро бунёд намуда, ҳамзамон ба сохтмони роҳҳо, ҷӯйборҳо, насби чароғҳои равшанидиҳанда ва кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ ба шахсони саховатманд, фаъолон ва ҳамаи сокиноне, ки дар пешрафту ободии маҳал саҳм мегузоранд, миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонид. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳои ватандӯстона дар ободии деҳот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ нақши муҳим доранд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ноҳия сохтмони иншооти фарҳангӣ, маорифӣ ва иҷтимоӣ бо маром идома дорад. Бунёди муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, фарҳанг ва зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкориро идома дода, барои истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










