
Бар асари шамолҳои шадиди рӯзи 17 июн боми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ қисман осеб дида, қисми зиёди тунукапӯши он канда шуда, ба замин афтод.
Тибқи маълумоти масъулон, шамоли сахт пеш аз ҳама боми толори варзишии муассисаро, ки андозааш 8 ба 14 метрро ташкил медиҳад, пурра аз ҷой бардоштааст. Ҳамчунин боми асосии муассиса, ки 60 ба 15 метр масоҳат дорад, қисман вайрон гардидааст. Масоҳати умумии бино тақрибан 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 соли 1986 бунёд шуда, соли 2014 боми он аз нав бо тунука пӯшонида шуда буд. Дар натиҷаи офати табиӣ ба иншоот зарари моддӣ расида бошад ҳам, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Масъулон таъкид карданд, ки айни замон хонандагони муассиса дар таътили тобистона қарор доранд ва ҳангоми рух додани ҳодиса дар бинои таълимӣ нафаре ҳузур надошт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз макони ҳодиса вазъиятро мавриди омӯзиш қарор дода, изҳор намуд, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оқибатҳои офати табиӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф карда мешаванд. Инчунин, бо супориши раиси ноҳия бино рангубор ва аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, барои арзёбии зарар ва ташкили корҳои барқарорсозӣ мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмон сафарбар гардидаанд. Интизор меравад дар рӯзҳои наздик корҳои азнавсозии боми толори варзишӣ ва қисматҳои осебдидаи бинои муассиса оғоз ёбанд.
Мақомоти ноҳия итминон медиҳанд, ки то оғози соли нави таҳсил боми муассиса пурра барқарор гардида, муассиса аз таъмири ҷорӣ пурра бароварда мешавад ва барои қабули хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 2
Смотреть статистику
56
6
6









