
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дошта, дар Ҷамоати шаҳраки Зарафшон низ як қатор тадбирҳои муҳими инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ амалӣ мегарданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ сохтмон ва навсозии садҳо иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Дар доираи ин тадбирҳо корҳои мумфаршкунӣ ва сафолакпӯшии роҳҳо (бурчатка), чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳо, ба тартиб даровардани шабакаҳои барқу алоқа, таъмиру навсозии роҳҳои мошингард ва пиёдагард, кабудизоркунӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби полезӣ ва ошомиданӣ, инчунин таъмири ҷӯйборҳо дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ панҷараҳо ва деворҳои муҳофизатӣ насб ва таъмир гардида, корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ ҷараён доранд.
Мувофиқи нақша, дар ноҳия 595 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардида, иловатан боз 130 иншооти дигар низ бунёд мешаванд. Ба иттилои бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, то имрӯз 676 иншоот сохта ва мавриди истифода қарор гирифтааст, ки 113,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи ба истифода додани иншооти нав аллакай 882 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Пешбинӣ мешавад, ки баъди анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳамаи иншоот беш аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар панҷ соли охир дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба таври назаррас густариш ёфтаанд. Дар ин давра 39 корхонаи хурду бузурги саноатӣ, 18 иншооти соҳаи тандурустӣ, 46 иншооти соҳаи маориф, 20 иншооти варзишӣ, 19 иншооти фарҳангиву фароғатӣ, 11 иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, 125 маркази савдою хизматрасонӣ, инчунин даҳҳо километр роҳҳои нав, купрукҳо, биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ сохта шуда, ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷумла, танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 39 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, барои рушди истеҳсолот, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъкид менамоянд, ки корҳои ободониву созандагӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия, аз ҷумла Ҷамоати шаҳраки Зарафшон, минбаъд низ идома ёфта, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксари нақшаҳои пешбинишуда пурра амалӣ хоҳанд гардид.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 37
Смотреть статистику
84
2
6









