Дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани корҳои ободониву созандагӣ, инчунин баҳри сазовор истиқболгирӣ ва таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳама гӯшаю канори ноҳияи Айнӣ ба чашм мерасад.
Ба хотири боздид аз рафти корҳои ободонӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода имрӯз аз ҷараёни бунёди Беморхонаи нави минтақавии №6-и Ҷамоатҳои деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.
Хотиррасон менамоем, ки фарзандони баномуси ин диёр талош доранд, ки иншооти гуногуни нақшавиро то муҳлати муайянгардида сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд ва ин ҷашни фархундаро бо дастоварҳои назаррас пешвоз гиранд. Чанде пеш бо иштироки Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода як қатор иншоот аз қабилӣ: – маҷмааи варзишӣ иборат аз майдонча барои футболбозӣ, воллейболу баскетболбозӣ, таъмири толори варзишии мактаби деҳа, майдонча барои солим нигоҳ доштани тану бадан ва тармими ҳамарӯзаи ҷисм мувофиқ ба талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамакнун, сохтмони Беморхонаи минтақавии №6 бомаром идома дорад. Кор дар иншоот бо вусъати ниҳоят баланд идома дошта, сохтмончиён аллакай 70 фоизи онро ба анҷом расонидаанд. Айни ҳол бо сабаби сард будани ҳаво корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боздошт карда шуда, бо фарорасии мавсими гармо боқимондаи корҳо дар ин иншоот идома мегиранд.
Рӯзибой Раҳимзода ба мутасаддиён дастур дод, ки корро дар ин иншоот то истиқболи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонанд.
Хотиррасон менамоем, ки бинои нави беморхона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд карда мешавад. Бинои нави беморхонаи минтақавии №6 аз ду ошёна иборат буда, аз 30 кати хоб иборат мебошад. Бинои нави беморхона дар заминаи бинои ҳозираи беморхонаи минтақавии №6, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.
Раси ноҳия, дар зимн, аз сатҳу талаботи зимистонгузаронӣ дар бинои ҳозираи Беморхона дидан кард. Маълум шуд, ки дар муассисаи тандурустӣ шароити қабулу табобати беморон дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ба Рӯзибой Раҳимзода –Раиси ноҳияи Айнӣ иттилоъ доданд, ки хизматрасонӣ ба беморон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, мутасаддиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд мардум аз он бемалол истифода кунанд ва зарурати ба шаҳрҳову маркази ноҳия рафтан пеш наояд.
Зимни сӯҳбат бо беморон Раиси ноҳия боварӣ ҳосил кард, ки дар ҳақиқат ҳайати хизматрасон дар Беморхона сазовори таҳсинанд.
Рӯзибой Раҳимзода ба сардухтур ва дигар ҳайати хизматрасон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро расонида, таъкид кард, ки саломатии ҷомеа ин саломатии бардавоми миллат аст.
и ещё 9
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ и ещё 54