15 январ Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода аз рафти иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоатҳои деҳоти Анзоб ва Фондарёи ноҳия боздид ба амал овард.
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони 599 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин давра қисми зиёди он ба истифода дода шудааст.
Раиси ноҳияи Айнӣ нахуст, аз рафти корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳаи Ғабирӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё боздид ба амал овард.
Хотиррасон менамоем, ки бинои МТМУ-и №26 дар деҳаи Ғабирӯд барои 192 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад. Таълимгоҳ аз 2 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд, ки сохтмони онро ҶДММ “Тоҷик элит-сохтмон” ба ӯҳда гирифтааст.
Зимни боздид маълум гардид, ки корҳои таҳкурсии асосии бино аллакай омода буда, сохтмончиён ният доранд то соли таҳсили 2025-2026 муассисаро барои истифода омода намоянд.
Бояд қайд кард, ки сокинони деҳаи Ғабирӯд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаву бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат мекунанд.
Раиси ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонии муассиса дар назди бино бо сокинон сӯҳбат ороста, аввал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо расонид.
Сокинони деҳаи Ғабирӯд барои дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ талош менамояд барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.
Сипас, Раиси ноҳия аз рафти корҳои таъмиру азнавсозии деҳаи Дижики Ҷамоати деҳоти Фондарё дидан кард.
Дар деҳаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби сокинони барӯманди деҳа 5 километр роҳи байни деҳа таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст. Айни ҳол сокинон бо истифода аз техникаҳои пурқудрат роҳи байни деҳаро бо паҳноии 6 метр азнавсозӣ карда истодаанд. Сокинон барои ба зиндагии шоиста сазовор гардонидани мардуми диёри худ мехоҳанд онро мумфарш кунанд.
Рӯзибой Раҳимзода зимни боздид аз ҷараёни корҳо ба сокинон миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонид. Зикр гардид, ки дар баробари ба истифода додани роҳҳои мошингард, тартиби истифодабарии самаранок, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, коҳиши муҳлати дастрасии бор ва аз як ҷой ба ҷойи дигар расондани мусофирон, баланд бардоштани беҳзистии мардум аҳамияти калон дорад. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд роҳҳои автомобилгард ва инфрасохтори он таъмиру таҷдид мешаванд. Бо мақсади ба роҳ мондани истифодабарии дурусти роҳҳои автомобилгард, кабудизоркунӣ, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар ва гирду атрофи роҳҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақша-чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Роҳи байни деҳавии Дижик роҳи хеле муҳим буда, тавассути он ҳазорҳо сайёҳони дохилию хориҷӣ ҳамарӯза ҳаракат мекунанд. Зеро дар дараи Искандар яке аз беҳтарин маконҳои сайёҳии кишвар Искандаркӯл, ки нигини Тоҷикистон аст, ҷойгир гаштааст. Аз ин лиҳоз, гуфт Раиси ноҳия мо бояд онро дар ҳолате нигоҳдорӣ кунем, ки мусофирону сайёҳон аз ташриф овардани худ ба ин макон ҳаловат баранд ва сафи онҳо ба диёри мо зиёдтар шавад.
и ещё 21
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Все реакции:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Айнӣ и ещё 70