Хабарҳои руз

Мулоқоти Раиси ноҳияи Айнӣ бо сохтмончиён

Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода бо намояндагони ширкатҳои сохтмонии ноҳия мулоқот намуд.
Боиси хушнудист, ки аз ибтидои омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳаёти мардуми кишвар як марҳалаи рӯҳбаландии бесобиқа оғоз гардида, ба хурду бузурги Тоҷикистон дар роҳи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон илҳому неруи тоза мебахшад. Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ 599 адад иншооти таъиноташ гуногун бунёд карда мешавад.
Зимни мулоқоту сӯҳбат бо сохтмончиён, нахуст, Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода сохтмончиён, меъморону лоиҳакашон, мутахассисон, кормандони муҳандисиву техникӣ ва коргарон, инчунин сармоягузорон ва ҳамаи онҳое, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди иншооти мухталиф саҳмгузори мекунанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Имрӯз, гуфт, Раиси ноҳия, мо тасмим гирифтем, ки бо шумо – намояндагони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ, меъморону лоиҳакашон ва бунёдкунандагони иншооти маъмуриву маишӣ ва иҷтимоии ноҳияи Айнӣ мулоқот ороста, таваҷҷӯҳи шуморо ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини корҳои сохтмонӣ ҷалб намоем. Зеро сарфи назар аз иқдомоти мунтазами мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар самти вусъат додани созандагиву бунёдкорӣ ва сохтмону азнавсозии иншооти маъмурӣ, маишӣ ва фарҳангӣ, ки солҳои охир оғоз ёфтаанд, симои меъморӣ ва шароити имрӯзаи ноҳия вобаста ба талаботи замони муосир ҳанӯз ҳам чандон қонеъкунанда нест.
Ноҳияи Айнӣ минтақаи саноатии кишвар буда, бояд аз ҳама ҷиҳат пешрафта бошад. Барои ба диёри обод ва аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил додани он бояд иншооти зарурӣ бо дарназардошти суръати тараққиёти ҷаҳони муосир барои садсолаҳои оянда сохта шуда, раванди ободониву кабудизоркунӣ тақвият бахшида шавад. Дар ин кор бояд дар баробари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шумо – мутахассисону кормандони соҳаи сохтмон бо ҷалби сармоягузорон бештар андеша намоед ва фаъол бошед.
Рӯзибой Раҳимзода дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди бунёдкорӣ ба сохтмончиён расонида, бо иқтибос аз суханҳои Сарвари давлат чунин гуфт:
“Шумо, меъморону лоиҳакашон, бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки бо сохтмони иншооту биноҳо сарукор доред, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки миллати мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдор буд, яъне шаҳрсозӣ ва маданияти шаҳрдориву шаҳрнишинӣ суннати деринаи мардуми мо ва ҷузъи муҳими тамаддуни он ба ҳисоб меравад. Дар мавриди сохтмон, сарфи назар аз таъиноти иншооти бунёдшаванда, бояд дар навбати аввал нақшаи генералии ноҳия риоя гардад ва ба сифати корҳои иҷрошаванда, инчунин истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Дар баробари ин, шумо – роҳбарони корхонаву ширкатҳои сохтмонӣ бояд ба масъалаҳои ҳарчи бештар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, бахусус онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ва дар корҳои сохтмонӣ таҷрибаи кофӣ доранд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоед”.
Воқеан дигаргунсозии симои ноҳия, ба тарҳи меъмории он ҳусни тоза бахшидан ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияи азизамон, ки ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвари он мебошад, дар дасти шумо – сохтмончиён аст.
Аз ин рӯ, аз ҳамаи шумо тақозо мегардад, ки вазифаи худро дар марҳалаи созандагиву бунёдкории кишвари хеш бо дарки баланди масъулият ва моҳияти рисолати фарзандии худ дар назди Ватан иҷро намоед. Дар ин самт ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо орзумандам.
Намояндагони ширкатҳои сохтмонии ноҳия дар навбати худ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ширкатҳои сохтмонии кишвар ва барои шароити мусоид фароҳам овардан изҳори сипос намуда, нақшаҳои худро ба маъмуроияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар ободонии диёр ҳар якеи аз онҳо саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт.
и ещё 7
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Все реакции:

2

Back to top button