Хабарҳои руз

Шанбегии дастаҷамъона баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ

17-уми январ бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шанбегии дастаҷамъона ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он сокинони ноҳия фаъолона ширкат варзиданд.
Тозакорон, асосан дар тозакунии ҳудуди Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, роҳи Душанбе – Самарқанд ва Айнӣ – Мастчоҳи Кӯҳӣ сафарбар гардида, отрофи роҳҳои мошингардро аз ҳама гуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ҳашари дастҷамъона беш аз 1000 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сокинон баҳри тозаву озода гардонидан саҳмгузорӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ҳамчун нишонаи маданияти озодагӣ, тоза нигоҳ доштани атрофи роҳҳо амалӣ гардид.
Рӯзибой Раҳимзода –Раиси ноҳияи Айнӣ гуфт, ки чунин аксияҳои тозагӣ дар давоми соли 2025 пайваста ташкил ва гузаронида мешаванд. Зикр гардид, ки тӯли чанд соли охир Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои обӣ пазируфта шудааст, ки боиси шарафмандии ҳар як сокини ҷумҳурӣ мебошад. Дар пешбурди чунин ташаббусҳо, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, калон аст.
Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи табиат барои наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун роҳнамо баҳри истифодаи оқилонаи захираҳои нотакрори Тоҷикистон аз ҷониби тамоми табақаҳои ҷомеа дасгирӣ меёбад. Аз ин рў ба мушкилоти экологӣ дар қатори дигар мушкилотҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар мадди аввал гузошта шудааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Раиси ноҳия гуфт, ки масъалаҳои муҳофизати табиат дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як халқу миллат, ҳар як ташкилоту ҷамъият ва ҳар як инсон мебошад. Яке аз сарчашмаҳои асосии нигоҳдории хуби саломатии инсон ва баландбардории тарақиёти соҳаи гуногуни хоҷагии халқ, дуруст муҳофизат кардани табиат, самаранок истифода бурдани ҳамагуна боигариҳои табиат ба шумор мераванд. Бойгарии табиат – ин боигарии гаронбаҳо, ганҷинаи беҳамтои халқ буда, ҳифзи табиат бошад, ҳифзи обу ҳаво, сарватҳои гаронбаҳои замин, олами набототу ҳайвонот- ҳифзи Ватан мебошад.
Ҳамчунин Рӯзибой Раҳимзода ба Хоҷагии ҷангал, Раёсати кишоварзӣ ва Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия супориш дод, ки барои сабзу хуррам гардонидани шафати роҳҳои дохилию байналхалқӣ, зиёд гардонидани ниҳолу дигар дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ то фарорасии мавсими ниҳолшинонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
и ещё 6
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться
Back to top button