Хабарҳои руз

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгӯйинашавандагӣ фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо эҳсоси худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, худи технологияи идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.

Таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки хусусияти ҷалби ҳарчи бештари субъектон ба онҳо аз шакли оммавӣ ба шакли фардӣ гузашта истодааст. Яъне, қувваҳои манфиатдор усули таъсиррасонии фардӣ ва алоҳидаро ба шахсиятҳо пеш гирифта, дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар аз шахсиятҳои дорои хислатҳои маргиналии ба муҳити иҷтимоӣ пурра ворид нашуда ва аз ҷавонони камтаҷриба истифода баранд.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия дар замони муосир ба худ хусусияти мушкил касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон зиёданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаю хавфнок ин дур будани онҳо аз муҳити иҷтимоӣ буда, маънои онро дорад, ки агар шахс ҷисман дар як муҳити иҷтимоӣ бошад, рӯҳан дар муҳити иҷтимоии дигар аст. Аз ин рӯ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону занон ба равандҳои иҷтимоии муосир омили зарурӣ буда, тавассути ширкати онҳо имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад.

Василаи муҳими фаъолгардонии ҷавонону занон ин дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Бад-ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин намуда, баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд. Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро, дар баробари тарбияи дурусти касбӣ ва омода намудани мутахассиси дараҷаи баланд, тарбияи инсони худшиносу худогоҳ ва дорои фаҳмиши хуби равандҳои сиёсӣ омили зарурӣ дар замони муосир мебошад. Зеро, мо метавонем мутахассиси хуб тарбия намоем, вале агар он эҳсоси баланди ватандӯстӣ надошта бошад, садоқат ва хизмат намудан ба ин давлату миллатро аз ӯ интизор шудан амри маҳол аст.

Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар масъалаи нақши олимони ҷомеашинос дар тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир саривақтӣ ва зарурӣ буда, воқеан ҳам тақвияти фаъолиятро дар ин самт тақозо менамоянд.

Самти асосии таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ин пурзӯр намудани нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун кафили амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани батанзимдарории ҳуқуқии пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот, коррупсия, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба ин гуна зуҳурот мусоидаткунанда, рушди ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани боварии шаҳрвандон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ, самаранок ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва таҳким бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд мусоидат намояд.

Низоми чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ иборат аз таснифи чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ аст. Таснифи чораҳо аз рӯйи асосҳои зерин ҷой дорад:

–  сатҳи фаъолияти пешгирӣ (чораҳои умумииҷтимоӣ ва махсус);

–  ҳаҷм ва самти чораҳои пешгирӣ (пешгирии умумӣ, махсус ва фардӣ (инфиродӣ);

– ҳудуд (умумидавлатӣ – дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё мухторият татбиқшаванда ва маҳаллӣ (дар ҳудуди ноҳия, ҷузъҳои маъмурии аҳолинишин, объекти мушаххас, корхона, ташкилот, муассиса ва ғайра).

–  мазмуни чораҳои пешгирӣ;

– василаҳои таъсиррасонӣ ба ҷинояткорӣ (характери иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, ташкилӣ-роҳбарӣ, идеологӣ, техникӣ, ҳуқуқӣ);

– субъекти ин фаъолиятро ба иҷро расонанда.

Ба чораҳои техникӣ роҳу тарзҳои гуногуне, ки барои нодуруст нишон додани миқдор ва сифати маҳсулот дар вақти истеҳсол, фурӯш ва тақсими маҳсулот, мубодилаи бонкӣ, дуздии молу мулк, пайдошавии ҳолатҳои таъҷилӣ, сӯхтор ва ғайра монеа мешаванд, мансуб мебошанд.

Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки барои таъмини муътадили рушди суботи ҷомеа нақши омилҳои пешгирисозандаи ҷинояткорӣ саҳми муҳимро доро мебошад.

Бунафша Шерова, омӯзгори МТМУ №1

Back to top button