
Дар арафаи иди саиди Қурбон раиси ноҳияи ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба аёдати як қатор собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро бо фарорасии иди муборак табрику таҳният намуд.
Чун анъана, таҳти сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба собиқадорон, шахсони рӯзгордида ва хизматнишондодаи давлату миллат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар ин замина, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пайваста барои қадршиносии хизматҳои арзандаи ин қишри ҷомеа тадбирҳои мушаххас меандешад.
Зимни дидорбинӣ Равшан Раҳимзода аз фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи собиқадорон дар рушду пешрафти ноҳия ёдовар шуда, таъкид намуд, ки онҳо барои ҷомеа шахсони соҳибэҳтиром ва намунаи ибрат ба ҳисоб мераванд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз заҳмати содиқонаи чунин фарзандони ватандӯст буд, ки имрӯз ҷомеа ба сулҳу субот, ваҳдат ва пешрафт ноил гардидааст.
Раиси ноҳия инчунин иброз дошт, ки собиқадорон имрӯз ҳам бо таҷрибаи бой, маслиҳатҳои судманд ва роҳнамоии ҷавонон дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва ободонии кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Ӯ аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти ин шахсиятҳои рӯзгордида сабақ гирифта, барои хизмат ба Ватан ҳамеша омода бошанд.
Дар рафти мулоқот ба собиқадорон кумакҳои идона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, онҳо аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд. Собиқадорон дар навбати худ барои дастгирӣ ва эҳтироми пайваста ба роҳбарияти давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сулҳу оромии ҳамешагии кишвар дуои хайр карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таъкид менамояд, ки дастгирӣ ва қадршиносии собиқадорони меҳнат минбаъд низ идома ёфта, ин анъанаи нек ҳамчун нишонаи эҳтиром ба хизматҳои содиқона ва инсондӯстӣ густариш хоҳад ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 6
Смотреть статистику
86
3
13









