
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Айнӣ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳудуди Беморхонаи марказӣ корҳои пармакунии чопи артезианӣ барои таъмини муассиса бо оби нӯшокӣ ҷараён дорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз рафти корҳои заминшикофкунӣ бо мутахассисони соҳаи пармакунии чоҳ суҳбат намуда, аз ҷараёни иҷрои корҳо ва имкониятҳои техникии лоиҳа пурсон шуд. Ба иттилои масъулон, ҳудуди назди Беморхонаи марказӣ ва атрофи он асосан аз сангу шағал иборат буда, раванди корҳои пармакуниро то андозае мушкил мегардонад. Бо вуҷуди ин, мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти зарурӣ талош доранд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин беморхонаро бо оби тозаву хушсифат таъмин намоянд.
Таъмини муассисаҳои тиббӣ бо оби нӯшокии доимӣ яке аз омилҳои муҳими беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба табибону беморон аҳамияти калон дорад.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ корҳои таъмири асосӣ идома дошта, бино ва шуъбаҳои он мутобиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ карда мешаванд. Ҳамзамон, муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва муҳайё намудани шароити беҳтари табобат тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Масъулини ноҳия таъкид намуданд, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти ноҳия ба ҳисоб рафта, чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 6
Смотреть статистику
75
2
5









