
Муҳтарам сокинони арҷманди ноҳияи Айнӣ!
Бо камоли эҳтиром фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, осоиши хонадон, ризқи фаровон ва саодати зиндагиро орзу менамоям.
Иди Қурбон яке аз муқаддастарин ойинҳои дини мубини ислом буда, мардумро ба меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, саховатмандӣ ва анҷоми корҳои хайр раҳнамун месозад. Ин иди муборак рамзи эҳтиром ба арзишҳои волои инсонӣ, дастгирии ниёзмандон ва таҳкими дӯстиву ваҳдат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки арзишҳои дини мубини ислом мардумро ба поктинатӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳидоят мекунанд. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат имрӯз мардуми кишвар дар фазои орому осуда зиндагӣ намуда, баҳри ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саъю талош менамоянд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ низ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ, дар пайравӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат баҳри рушди диёр, ободии Ватан ва зиндагии шоистаи мардум софдилона меҳнат мекунанд.
Дар айёми Иди Қурбон дастгирии ятимону маъюбон, ғамхорӣ нисбат ба беморону ниёзмандон, аёдати калонсолон ва анҷом додани амалҳои хайру савоб аз беҳтарин суннатҳои инсонӣ ба шумор меравад. Ин амалҳои нек меҳру муҳаббат ва ҳамдигарбовариро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Имрӯз моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ваҳдату сарҷамъӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ барои боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ноҳияи маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар фарорасии Иди саиди Қурбонро ба кулли сокинони ноҳияи Айнӣ самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат, сулҳу оромӣ, бахту иқболи баланд ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.
Иди Қурбон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Айнӣ
Равшан Раҳимзода

Смотреть статистику
251
29
17









