
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо маром идома дорад.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1,5 гектар бунёд гардида, тибқи лоиҳа дар он муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, нишастгоҳҳо, фаввораҳо, гулгаштҳо ва нуқтаҳои омодасозии таомҳои миллӣ сохта мешаванд. Иншооти мазкур барои фароғати сокинон ва ҷалби сайёҳон мусоидат намуда, ба зебо гардидани маркази шаҳрак мусоидат хоҳад кард.
Намояндаи ҶДММ Чашмаи Истиқлол – Ифтихор Ҷаҳонгирзода иттилоъ дод, ки корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва мутобиқ ба талаботи муосир амалӣ гардида истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, бунёди боғ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида мешавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди корҳо боздид намуда, ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон дар шаҳраки Сарвода як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ низ бунёду навсозӣ мегарданд. Аз ҷумла, боз як муассисаи таълимии томактабӣ таъмиру таҷдид шуда истодааст. Раиси ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ таъкид намуд, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, барои қабули 120 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ин муассисаи томактабӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии КМ КТА “Анзоб” таъмиру таҷдид шуда истодааст. Ба истифода додани иншооти мазкур имконият медиҳад, ки боз фарзандони ин миллат ба тарбия фаро гирифта шаванд ва сатҳи таълиму тарбия дар шаҳрак боз ҳам беҳтар гардад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёду азнавсозии 595 иншоот ба нақша гирифта шуда, шумораи онҳо то ҷашни умумимиллӣ ба зиёда аз 730 адад расонида мешавад. Тибқи маълумоти муовини раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, то имрӯз беш аз 80 фоизи корҳои пешбинишуда дар шаҳрак иҷро гардида, боқимонда дар муҳлати наздик ба анҷом мерасанд.
Дар идомаи сафари корӣ раиси ноҳия бо фаъолону сокинони шаҳрак мулоқот анҷом дода, онҳоро барои истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ раҳнамоӣ кард. Зикр гардид, ки Сарвода ҳамчун яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ ва саноатии минтақа бояд симои зебою муосири худро нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, барҳам додани иншооти фарсуда ва бунёди биноҳои замонавӣ аз вазифаҳои муҳими мақомоти маҳаллӣ арзёбӣ гардид.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба мутасаддиёни иншооти сохташаванда супориш дод, ки сифати корҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, ҳар як иншоотро мутобиқ ба талаботи замони муосир ва дар сатҳи баланд ба истифода супоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 28
Смотреть статистику
114
3
7









