
Минтақаи сайёҳии Искандаркӯл яке аз мавзеъҳои нодиру машҳури сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамасола ҳазорҳо меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ин мавзеъи афсонавӣ бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, обҳои мусаффо, ҳавои фораму шифобахш ва таърихи куҳан ҳамчун яке аз ганҷинаҳои воқеии табииву сайёҳии кишвар эътироф гардидааст.
Искандаркӯл дар баробари мавқеи муҳими экологию табиӣ доштан, имрӯз ба маркази муҳими рушди сайёҳӣ табдил ёфта, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир дар ин минтақа корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Дар ҳамин замина Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони иншооти муосири чорқабатаи хизматрасонӣ дар минтақаи сайёҳии Искандаркӯл боздид ба амал овард. Иншооти мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст, фарзанди бонангу номуси деҳаи Дижик — Ҳусниддин Саидов бунёд гардида истодааст.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома дошта, ошёнаи якуми бино пурра ба анҷом расонида шудааст. Ошёнаи аввал барои ташкили ошхона, толори хӯрокхӯрӣ, нуқтаи омодасозии таомҳои миллӣ ва аврупоӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонӣ, шустушӯи либос, нуқтаҳои санитарӣ ва дигар хизматрасониҳои зарурӣ омода гардидааст. Ҳамзамон корҳои сохтмонии ошёнаи дуюми иншоот, ки барои ҷойгиронии ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва хизматрасонии сайёҳон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.
Зимни боздид ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо истифода аз усулҳои муосири меъморӣ ва мутобиқ ба талаботи байналмилалии хизматрасонӣ бунёд гардида, дар он тамоми шароити зарурӣ барои қабули меҳмонону сайёҳон муҳайё карда мешавад. Ҳамчунин дар атрофи бино корҳои кабудизоркунӣ, чароғонкунӣ ва ободонии муҳити зист ба роҳ монда мешаванд.
Бо бунёд гардидани иншооти мазкур сатҳу сифати хизматрасонӣ дар минтақаи сайёҳии Искандаркӯл боз ҳам беҳтар гардида, барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои табииву фарҳангии ноҳия заминаи мусоид фароҳам хоҳад омад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суҳбат аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки имрӯз рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Ӯ иброз дошт, ки бо истифода аз имкониятҳои бойи табиӣ ва ҷалби сармоягузорӣ метавон минтақаҳои сайёҳиро ба марказҳои муҳими иқтисодиву хизматрасонӣ табдил дод.
Бино дар канори кӯли зебоманзари Искандаркӯл, рӯ ба самти офтоббаро ҷойгир буда, манзараҳои нотакрори табиат, анбӯҳи дарахтони сарсабз, ҳавои софу форам ва муҳити орому дилфиреб ба он ҳусни тоза мебахшанд. Ин мавзеъ барои истироҳати оилавӣ, сайёҳии экологӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ хеле мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Зикр гардид, ки имрӯз дар доираи сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумат дар минтақаҳои сайёҳии ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмониву ободонӣ босуръат идома дошта, соҳибкорон ва сокинони ватандӯст дар рушду пешрафти инфрасохтори сайёҳӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот дар як вақт имкони қабули наздики 200 нафар сайёҳ фароҳам гардида, зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин хоҳанд шуд.
Иншооти мазкур бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, тибқи нақша то 9 сентябри соли 2026 пурра ба истифода дода мешавад. Айни замон дар минтақа сохтмони чунин инфрасохторҳои муҳими сайёҳӣ бомаром идома дошта, барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии кишвар мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 16
Смотреть статистику
156
7
10









