Дар деҳаи Дижики Ҷамоати деҳоти Фондарё Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба корҳои мумфаршкунии роҳи мошингарди байнидеҳавӣ ҳусни оғоз бахшид.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташаббуси фарзандони бонангу номуси деҳаи Дижик бо сардории фарзанди баномуси деҳа Бобоназар Соҳибназаров зиёда аз 6 километр роҳ бо паҳноии 6 метр барои ҳаракати бемамониати ду самти нақлиёт бо маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ тахту ҳамвор ва мумфарш карда мешавад.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ раиси ноҳия Равшан Раҳимзода иброз дошт, ки роҳ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, беҳтар гардидани инфрасохтори роҳҳо барои пешрафти соҳаҳои сайёҳӣ, савдо, кишоварзӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Қайд гардид, ки сиёсати роҳсозӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми минтақаҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта истодаанд.
Таъкид карда шуд, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рушди инфрасохтор, аз ҷумла “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва барномаҳои соҳавии роҳсозӣ барои пайвастани деҳоти дурдаст ба марказҳои маъмурӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зимни мулоқот сокинони деҳаи Дижик иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои ободонӣ қитъаи муайяни замин барои бунёди маҷмааи фарҳангию фароғатии замонавӣ тахту ҳамвор карда шуда, дар оянда сохтмони маҷмааи сеошёнаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба нақша гирифта шудааст. Зикр гардид, ки чунин иншоот метавонад барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, истироҳати ҷавонон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳон нақши муассир гузорад.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода иқдоми сокинонро намунаи равшани ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳал арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкории давлат ва мардум омили асосии пешрафти деҳот ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳа боз як муассисаи таълимии томактабӣ бунёд хоҳад шуд. Ин муассиса дар ҳамкорӣ бо сокинони маҳаллӣ сохта шуда, барои фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсил ва тарбия шароити мусоид муҳайё менамояд. Қайд гардид, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои таълиму тарбияи насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат мебошад.
Деҳаи Дижик дар масири роҳи Айнӣ–Искандаркӯл қарор дошта, ҳамарӯза аз ин роҳ садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба минтақаҳои зебоманзари сайёҳии ноҳия сафар менамоянд. Дар ин замина таъкид гардид, ки беҳтар гардидани ҳолати роҳ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои табиии ноҳия ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Зимни суҳбату мулоқот бо сокинон Раиси ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳолӣ расонида, иброз дошт, ки ҳар як сокини ватандӯст бояд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ободонии Ватан, тарбияи дурусти насли наврас ва рушди деҳоти худ саҳми арзанда гузорад. Ӯ таъкид намуд, ки маҳз тавассути иттиҳоду ҳамдилӣ ва меҳнати созанда метавон сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар гардонд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба тамоми сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар амалисозии чунин ташаббусҳои созанда саҳм мегузоранд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба корҳои ободониву бунёдкорӣ комёбиҳои нав орзу кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 22
Смотреть статистику
168
12
29










