Хабарҳои руз

Оғози мавсими пилласупорӣ дар ноҳияи Айнӣ

Субҳи 25 майи соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ мавсими супоридани пилла расман оғоз гардид. Дар маросими оғози мавсим Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, бо фаъолияти пиллапарварон ва ҷараёни ҷамъовариву супоридани пилла шинос шуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 150 қуттӣ кирмак тақсим гардида, тибқи нақша истеҳсоли наздики 5 тонна пилла дар назар дошта шудааст. Масъулини соҳа изҳор доштанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди кирмакпарварӣ афзоиш ёфта, хоҷагидорон ба ин самти сердаромади кишоварзӣ бештар рӯ меоранд.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо пиллапарварон таъкид намуд, ки рушди соҳаи кирмакпарварӣ барои баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хоми ватанӣ аҳамияти калон дорад. Ӯ аз кишоварзон даъват ба амал овард, ки ба нигоҳубини дурусти кирмак, таъмини саривақтии он бо барги хушсифати тут ва риояи талаботи агротехникӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин ба масъулини соҳаи тутпарварӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати васеъ намудани майдони тутзорҳо, шинонидани ниҳолҳои нав ва нигоҳубини дурусти онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Айни замон дар ноҳияи Айнӣ 43 гектар тутзор мавҷуд буда, тайи панҷ соли охир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст.
Таъкид гардид, ки пиллапарварӣ аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромади иқтисодӣ ба шумор рафта, дар рушди саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва афзоиши иқтидори иқтисодии ноҳия нақши муҳим мебозад.
Дар анҷоми чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба пиллапарварони пешқадами ноҳия барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳа изҳори сипос намуда, онҳоро бо туҳфа ва мукофотҳои арзанда қадрдонӣ намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10
Смотреть статистику

56

1

7

Leave a Reply

Back to top button