
Дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дар доираи Моҳвораи ҷавонон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ» миёни ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷамъбаст гардид.
Мусобиқа аз аввали моҳи май оғоз гардида, то санаи 25 майи соли 2026 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор шуд. Дар он дастаҳои намояндагии ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла кормандони сохторҳои қудратӣ, корхонаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии кормандон арзёбӣ гардид.
Чорабинии мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардида, дар доираи он дар тамоми моҳи май дар ноҳияи Айнӣ як қатор чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ роҳандозӣ шуданд. Қайд гардид, ки эълон шудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, ин иқдом барои рушди соҳаи варзиш, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва муттаҳид намудани ҷавонони ҷаҳон нақши муҳим дорад.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки варзиш яке аз омилҳои муҳими тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дӯстӣ ва солимгардонии ҷомеа мебошад. Ӯ инчунин аз суханони Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад.
Дар натиҷаи рақобатҳои пуршиддат дастаи Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон – Яғноб» мақоми аввалро соҳиб гардида, сазовори Ҷоми Раиси ноҳияи Айнӣ шуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи кормандони мақомоти қудратии ноҳия гардида, мақоми сеюмро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Анзоб» ишғол намуд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти ноҳия Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома, медал, Ҷом ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин, ба доварон, беҳтарин бозингар, беҳтарин дарвозабон ва дигар фаъолони мусобиқа барои саҳми арзандаашон дар ташкилу баргузории чорабинӣ Ифтихорномаю Сипосномаҳо супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки дар оянда низ барои рушди соҳаи варзиш, ҷалби бештари ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тадбирҳои нав амалӣ гардида, чунин мусобиқаҳо мунтазам баргузор хоҳанд шуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 53
Смотреть статистику
109
6
9









