
Ҳамдиёрони азиз, ҷавонони саодатманду сарбаланди ноҳияи Айнӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯҳи шикастнопазир, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Ҷавонон неруи бузурги созанда, идомадиҳандаи роҳи пурифтихори миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Имрӯз давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил, кору фаъолият ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ ҳамқадами замон буда, дар соҳаҳои илму маориф, варзиш, фарҳанг, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ бо дастовардҳои арзанда обрӯи ноҳияро баланд мебардоранд. Мо ба неру, заковат ва ҳисси ватандӯстии Шумо эътимоди комил дорем.
Боварии комил дорам, ки ҷавонони бонангу номуси ноҳия минбаъд низ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату истиқлол ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон рӯзгори пурсаодат, иродаи қавӣ ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Айнӣ
Равшан Раҳимзода

Смотреть статистику
246
16
10









