
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид ва мукаммалгардонии пойгоҳи обкашии Сангистон боздид ба амал оварда, бо рафти корҳои таъмирӣ ва обёрӣ ба заминҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шуд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар пойгоҳи мазкур корҳои навсозӣ бо маром идома дошта, як қатор таҷҳизоту ҷузъиёти фарсудаи пойгоҳ пурра иваз карда мешаванд. Мутахассисон насби таҷҳизоти нави техникӣ, таъмири муҳаррикҳои обкашӣ, таҷдиди хатҳои барқ ва таҷҳизоти барқтақсимкуниро амалӣ намуда истодаанд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо беҳтар намудани фаъолияти пойгоҳ ва таъмини мунтазами оби полезӣ барои заминҳои кишоварзӣ мебошад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ дар ин мавзеъ, бунёди як нуқтаи нави обкашии замонавӣ оғоз гардида, он бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пурра таҷдид ва муҷаҳҳаз карда мешавад. Ин иқдом барои баланд бардоштани имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ мусоидат хоҳад кард.
Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо роҳбарияти идораи оби ноҳия ва дигар шахсони масъул таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонида шаванд. Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки барои истифодаи босамари таҷҳизоти муосир ва таъмини фаъолияти мунтазами системаҳои обкашӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Зикр гардид, ки таҷдиди пойгоҳи обкашии Сангистон барои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия аҳамияти калон дошта, метавонад дар беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиши ҳосилнокӣ ва таъмини деҳқонон бо оби полезӣ нақши муҳим бозад.
Дар анҷоми боздид раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, риояи қоидаҳои техникиву бехатарӣ супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 18
Смотреть статистику
103
1
7









