Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолону собиқадорон, омӯзгорон, варзишгарон, гирандагони стипендияҳо, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун ва сокинони ноҳия баргузор гардид.
Чорабинӣ бо арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Қаҳрамонони Тоҷикистон — Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад оғоз ёфт. Иштирокдорон ба хотири пос доштани корнамоиҳои фарзандони барӯманди миллат, ки барои таъсиси давлати миллӣ ва озодии халқи тоҷик мубориза бурдаанд, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Баъди садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми расмии чорабинӣ оғоз гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ ҳозирин ва ҷавонони ноҳияро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар саросари кишвар таҷлил мегардад, самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар рушду пешрафти давлат нақши муҳим доранд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирӣ ва рушди ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳсил, касбомӯзӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.
Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ низ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, варзиш, хизмати давлатӣ, соҳибкорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба натиҷаҳои арзанда ноил гардида, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои гуногуни фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷавонон бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат барои ободиву пешрафти Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор ҷавонони фаъол барои саҳми арзанда дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия бо Сипосномаҳои раиси ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ ва ҳунарнамоии сарояндагони бахши фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида гардонид.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 52
Смотреть статистику

173

2

40

Leave a Reply

Back to top button