
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни парвариши кирмак дар деҳаи Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарз боздид намуда, бо кирмакпарварон ва масъулини хоҷагии деҳқонии Рарз суҳбату мулоқот анҷом дод. Зимни боздид раиси ноҳия аз шароити нигоҳубини кирмак, таъмини ғизои он ва омодагии хоҷагиҳо барои ҷамъоварии пилла шинос шуда, фаъолияти кирмакпарваронро муҳим арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки дар хоҷагии деҳқонии Рарз 12 қуттӣ кирмак гирифта шуда, миёни саҳмдорон барои парвариш тақсим карда шудааст. Кирмакпарварон бо истифода аз таҷрибаи чандсолаи худ кӯшиш доранд, ки ҳосили хуби пилла ба даст оранд ва дар таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хоми ватанӣ саҳм гузоранд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Айнӣ 150 қуттӣ кирмак тақсим гардида, тибқи нақша бояд 4,5 тонна пилла истеҳсол карда шавад. Масъулин иброз доштанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ зиёд гардида, хоҷагидорон ба ин самти сердаромад бештар рӯ меоранд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо кирмакпарварон таъкид намуд, ки рушди соҳаи пиллапарварӣ метавонад барои баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолии деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Ӯ аз аҳли хоҷагиҳо даъват ба амал овард, ки ба нигоҳубини дурусти кирмак, сари вақт таъмин намудани он бо барги хушсифати тут ва риояи талаботи агротехникӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳамчунин ба масъулини соҳаи тутпарварӣ дастур дода шуд, ки барои васеъ намудани майдони тутзорҳо, шинонидани ниҳолҳои нав ва нигоҳубини дурусти онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд. Зикр гардид, ки айни ҳол дар ноҳияи Айнӣ 43 гектар тутзор мавҷуд буда, дар панҷ соли охир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шудааст.
Тавре масъулин иброз медоранд, кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла аз ҷумлаи соҳаҳои серманфиати кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва афзоиши иқтидори иқтисодии ноҳия нақши назаррас хоҳад дошт. Бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои табиӣ ва таҷрибаи сокинон, рушди минбаъдаи ин соҳа дар ноҳияи Айнӣ ояндаи умедбахш дорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Меньше





и ещё 2
Смотреть статистику
19
1
5










