масъалаҳои мубрам

Истифодаи Конститутсия ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар дарсҳои ҳуқуқ

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои давлатӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешаву сиёсию идеологиро дар худ таҷассум намудааст. Яке аз дастовардҳои арзишноктарини солҳои истиқлолияти кишвар ин амалӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқӣ мебошад, ки аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта то ҳол идома дорад.

Конститутсияи кишвар чун бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷаста дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҷассумгари орзуву армони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрванди ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташакули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқи гузошт.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки қабули Конститутсияи кишвар, ки аслан бо дар назардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид.

Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеъа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба вуҷуд овардааст.

Дар асоси муқаррароти Конститутсияи кишвари мо иштирокчии қабули зиёда аз 1500 санади байналмиллалӣ мебошад.

Гарчанде ки омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи таълимии синфи 8 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, истифодаи он ва санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар кишвар қабул карда шудааст дар раванди гузариши дарсҳои ҳуқуқ дар синфҳои 9, 10, 11 низ самараи дилхоҳ дода метавонад. Мисол: ҳангоми гузаштани мавзӯъи “Таснифи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд “дар синфи 10 ҳар як омӯзгор метавонад пурра аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд. Истифодаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба мавзӯъ ҳангоми гузаштани дарсҳои ҳуқуқ аз манфиат холӣ нест.

Ҳангоми гузаштани мавзӯъҳои боби ҳуқуқи меҳнати бояд Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи иловагӣ истифода бурда шавад, барои он ки истифодаи маводҳои иловагие, ки дар китоби дарсӣ мавҷуд нест ба монанди озод будани шартномаи меҳнатӣ, муқаррароти умумӣ оиди дар ду ҷой кор кардан, муваққатан ба кори дигар гузаронидан, корро қатъ намудани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намудани хатар ва ғайраҳоро ба саҳми хонандагон расонидан зарур аст. Ё ки ҳангоми баррасии мавзӯъҳои боби ҳуқуқи оилавӣ истифодаи баъзан аз моддаҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монандӣ: бақайдгирии давлатии фарзандхонӣ, муқаррар намудани падарӣ, бақайдгии давлатии таваллуд, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, бекор кардани ақди никоҳ аз манфиат холӣ нест.

Бинобар ин ҳар як омӯзгор бояд ҳар як соати дарсии худро дар сатҳи баланди илмиву педагогӣ гузаронида хонандагонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, ифтихор аз таърихи бою қадима, назари некдӯстона ба ояндаи дурахшони ватан умед ба гул-гулшукуфонии Тоҷикистон тарбия намояд.

Омӯзгори МТМУ №20 Давлатов Д.

Back to top button