масъалаҳои мубрам

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР

 

“Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”.                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Экстремист ҷонибдори амалҳои ғайриинсонӣ буда, дар мафкураи худ ваҳшониёту кушторро ҷой медиҳад. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи “терроризм” аз калимаи лотинии “tеrrоr” маншаъ гирифта, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд.  Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти  созмонҳои экстремистӣ мисли “Ал-Қоида”, “Ҳаракати Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби Исломии Туркистон” (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тойиба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти Исломии Покистон”, “Ҷамоати таблиғ”, ташкилоти динӣ-миссионерии “Созмони таблиғот” ва “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи-24”, Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Аммо бахре аз ҷавонон бо вуҷуди маълумоти амиқ пайдо намудан аз фаъолияти ин равияҳои номатлуб, вақти пурқиммати худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сипарӣ намуда, фирефтаи ақидаҳои беасос ва матлабҳои ҳуруфотии ин гурӯҳҳои манфиатҷӯй мешаванд.

Дар баробари ин муаммои рӯз,  онҳо бо дуои неки волидайн барои дарёфти қутти лоямуд ба шаҳрҳои мусофирӣ ҳиҷрат менамоянд, вале дере нагузашта бо дарёфти андак маблағ ва қонеъ гардонидани нафсоният, орзуву омоли падару модарро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда, ба шаробнӯшиву айшу ишрат дода шуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва Қонунҳои амалкунандаи давлатҳои ҳамсояро рияо накарда, даст ба бетартибиҳо ва ҷиноятҳои ғайриинсонӣ зада, тавассути гузоришҳои видеоӣ, гуноҳро ба уҳдаи дигарон мепартоянд, ки боиси нигаронии дигар қишри ҷомеа мегардад. Яъне як гурӯҳ, гуноҳро содир месозанду номи миллатро доғдор ва монеаи кору фаъолият ва зиндагии хуррами дигар ҳамватан мегарданд, ки боиси нигаронӣ аст.

Яке аз бародарони муҳоҷир, ки нахост номашро ифшо кунаду дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск кору зиндагӣ менамояд, зимни суҳбат баён дошт, ки “Мо барои дарёфти луқмаи ҳалол, бо арақи ҷабин омадем, гурӯҳ-гурӯҳ ҷавононамонро мебинам, ки риш мондаанду дар тан либосҳои урён, ба клубҳои дилхушӣ рафта, баъд аз нушидани шароб доду фиғонро бардошта, даст ба ҷиноят мезананд, ки чунин муносибат боиси нигаронии ҳамагон гардидааст.

Чандин маротиба қайд намудам ва алҳол низ иброз медорам, ҳар он нафаре, ки ҳуҷҷатгузоришаро ба тартиб медарорад, бо ахлоқи ҳамида рафтор менамояд, бештар муваффақ мегардад. Мехоҳам ҳамаи ҳамватанам ба роҳаш рост бошад, барои зиндагии шоистааш талош варзад ва дар ободии меҳанаш нақши муассир гузораду худ ва наздиконашро аз ҳар гуна равияҳои номатлуб эмин нигоҳ дорад”.

Ҳар фарди кишваро аз он ҷумла ҷавонони ноҳияро зарур аст, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу суботро ҳамаҷониба қадр намуда, ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ арҷ гузоранд. Ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст ва моро мебояд, ки дастгириву пуштибониҳои беамони пешвои миллатамонро қадр намоем ва дар пойдории суботи сиёсӣ ва рӯзгори босаодати халқи азизамон саҳмгузор бошем.

Солеҳбой ҚОБИЛОВ

мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва

робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ

Back to top button