Асосан, тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ва ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури фарзандони Ватан бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.
Чуноне маълум аст ноҳияи Айнӣ соли ҷорӣ вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 2024 таҳти №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006” аввалин шуда дар вилояти Суғд нақшаро иҷро намуд.
Масъулини комиссариати ҳарбии ноҳияи Айнӣ ба хотири аввалин шуда дар вилояти Суғд иҷро намудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар тирамоҳи соли 2024 номаи шодбошии Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзоро ба унвони Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода қироат намуданд, ки дар он омадааст:
“Муҳтарам Муродзода Муқим Қаюм,
Ба Шумо барои пеш аз муҳлат ва босифат иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ изҳори сипос менамоям.
Боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Шумо, дар оянда низ баҳри босифат гузаронидани маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани шароити хизмативу маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбӣ ёрии амалии худро дареғ намедорад.
Итминони комил дорам, ки ҳамкориҳои судманду манфиатбахши мо баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Бо эҳтиром, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо”.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода дар зимн гуфт, ки дар 33-соли даврони Истиқлоли давлатӣ ноҳияи Айнӣ дар вилоят аввалин шуда нақшаи даъватро иҷро намуд ва ҷавонони шуҷоъу далери ноҳия ба хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор шуданд.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гуфтаанд: «…ба ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳиматбаланд ва ҳар фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам, бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!».
Бояд гуфт, ки солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар деҳот ва ҷамоатҳои шуҳраку деҳоти ноҳия муайян ва мушаххас менамоянд.
и ещё 2