Хабарҳои руз

РӮЗИ ЯГОНАИ АХБОР ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Санаи 23-юми сентябр дар ноҳияи Айнӣ Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи “Забони модарӣ – забони назми оламгири тоҷик” баргузор гардид
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, Сардори нозироти комплексии назорати бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зоҳидҷон Қурғонов, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Шуҳратҷон Абдуллозода, инчунин корманди рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” Нодир Турсунзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки забони модарӣ на танҳо василаи муошират, балки пояи ҳастии миллат, шиносномаи фарҳанг ва мояи ифтихори миллӣ мебошад. Ҳар халқу миллате, ки гуфт Мукаррамзода, -забони модарии худро гиромӣ медорад ва онро ҳифз мекунад, дарвоқеъ худшиносу худогоҳ ва соҳибфарҳангу соҳибдавлат аст.
Зимни суханрониҳо, меҳмонон доир ба нақши забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму фарҳанг, забони назм ва тамаддуни ғании форсӣ-тоҷикӣ андешаҳои судманд баён карданд. Устодон ва коршиносон ба масъалаи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки татбиқи дурусти ин қонун дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ — аз соҳаи маорифу фарҳанг то ҳуҷҷатгузорӣ ва ВАО — ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад.
Шуҳратҷон Абдуллозода зикр намуд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, дар фаъолияти расмии корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин дар воситаҳои ахбори омма бо истифодаи қоидаву меъёрҳои имлои навин бояд риоя шавад.
Дар рафти баромадҳо ҳамчунин ба иқтибосҳои арзишманд аз Паёмҳо ва суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат шуд. Аз ҷумла, қайд гардид: «Мо бояд забони давлатиро ба забони илм табдил диҳем, онро рушд диҳем, бой гардонем ва барои наслҳои оянда ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем».
Нуктаҳои муҳим аз тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре таъкид шуд, Қоидаҳои нави имло дар соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ба марҳилаи амалбарорӣ ворид шуданд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар тамоми корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва расонаҳои хабарӣ бояд ба масъалаи риояи ҳатмии меъёрҳои имло ва услуби дурусти забони давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Ин масъулият на танҳо бар дӯши омӯзгорону рӯзноманигорон, балки бар зиммаи ҳар як шаҳрванди худшиноси кишвар аст.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Зоҳидҷон Қурғонов зимни баромади худ аз аҳамияти омӯзиши қоидаҳои нави имло ва риояи қатъии онҳо ёдовар шуда, изҳор дошт, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки таҷассумгари таъриху фарҳанг ва ҳастии миллӣ мебошад. Ӯ дар бораи нақши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 ба тасвиб расидаанд ва баъдан бо иловаҳо дар солҳои минбаъда (аз ҷумла соли 2020) такмил ёфтанд, шарҳу тавзеҳоти муфассал пешниҳод кард.
Зоҳидҷон Қурғонов яке аз ҷонибдорони риояи дақиқи имлои нав мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки истифодаи дурусти қоидаҳои имло танҳо вазифаи филологон нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як соҳибзабон аст. Забони тоҷикӣ, ки имрӯз дорои меъёр ва низоми танзимшудаи имло мебошад, бояд дар ҳамаи сатҳҳо — аз навишти мактуби расмӣ то мақолаву асарҳои илмӣ — бо риояи дақиқ истифода гардад. Ӯ дар мавриди баъзе ихтилофҳои мавҷуда дар истифодаи ҳарфу калимаҳо мисол оварда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки барои пойдории забон ва эҳтиром ба меъёрҳои тасдиқшуда талош варзанд ва дар тарғиби он, хусусан миёни насли наврас, саҳм гузоранд. Ин баромади омӯзгор бо истиқболи гарми ҳозирин рӯбарӯ гардида, боз як маротиба зарурати баланд бардоштани саводи забонӣ ва таҳкими мавқеи имлои давлатӣ дар ҷомеаро таъкид намуд.
Чорабинии мазкур бо пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои судманд ва табодули таҷрибаи амалии коршиносон дар самти таҳкими мавқеи забони давлатӣ, хусусан миёни ҷавонон ва муҳити илмӣ, бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву забоншиносӣ анҷом ёфт.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 7

Leave a Reply

Back to top button