
23-юми сентябри соли 2025 дар толори маҷлисии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази ноҳияи Айнӣ мулоқоти муҳим ва судманде бо иштироки ҷавонон ва сокинони ҷамоати деҳоти Айнӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва Сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Пирзода М.Қ. сурат гирифта, ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ, таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Дар ҳамоиш муовини Раиси ноҳияи Айнӣ Мукаррамзода Фарҳод, намояндаи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Суғд Шаҳзод Абдуллоев, нозири калони Шӯъбаи ташкили корҳои сиёсӣ-ҳуқуқии ноболиғон ва ҷавонон (ШОПҲНҶ) Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани милитсия Бурҳониён Парвиз Орифҷон, намояндаи Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ, лейтенант Кабирзода Алишер, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Муродзода Нилуфар, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шарифзода Абдуваҳҳоб ва муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар вилояти Суғд Ашӯров Ҷаҳоншер иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мукаррамзода Фарҳод ҳозиринро аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишҳоро яке аз воситаҳои муассири таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа, махсусан ҷавонон арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории мулоқотҳои созанда ба таҳкими суботи сиёсӣ, пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир ва ташаккули тафаккури солими шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Бояд зикр намуд, ки гуфт муовини раиси ноҳия, чунин ҳамоишҳо дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти солим, худшиносӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар равона гардидаанд.
Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ аз ҷумла масъалаҳои муҳим ба монанди ҳимояи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми қонун, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, дурии онҳо аз ҳар гуна ғояҳои ифротгароёна, пешгирии шомилшавӣ ба созмонҳои мамнӯъ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки ҷомеаи муосир бештар аз ҳар вақти дигар ниёз ба ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва дорои донишҳои муосир дорад. Шомил шудани бархе аз ҷавонон ба равияҳои ифротӣ ва созмонҳои тундрав, ки бар хилофи манфиатҳои миллӣ ва қонунгузории кишвар амал мекунанд, метавонад ба оромии ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, хусусан ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар фазои орому субот ва таҳти роҳнамоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҳамоиш бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолон ва шахсоне, ки дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва пешгирии хатарҳои замони муосир саҳмгузоранд, як қатор фаъолони гурӯҳҳои тарғиботии вилоят ва ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 9