Хабарҳои руз

МАШВАРАТИ КОРӢ

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ машварати кории Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Машварат ба омодагиҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, доираи васеи масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии ноҳияро фаро гирифт.
Дар рафти маҷлис нахуст ба масъалаи кишти баҳорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки кишти саривақтии зироатҳо, бахусус картошка, барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад. Масъулин вазифадор карда шуданд, ки истифодаи самараноки замин, ворид намудани тухмиҳои хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникиро ҷиддӣ назорат намоянд.
Ҳамзамон, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки ноҳияи Айнӣ дорои имкониятҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ буда, барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоид дорад. Дар ин замина, зарурати бунёд ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ, аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти миллӣ, хӯрокҳои анъанавӣ, гиёҳҳои шифобахш ва ҳунарҳои мардумӣ таъкид карда шуд.
Масъалаи тозагии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист низ дар меҳвари муҳокима қарор гирифт. Масъулин муваззаф гардиданд, ки корҳои ободонӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳоро ба таври мунтазам ба роҳ монда, сатҳи маърифати экологии аҳолиро баланд бардоранд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлол, ташкил ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд дар маркази ҷамоатҳо ва деҳот муҳим арзёбӣ шуд. Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳамаи чорабиниҳо бояд бо сифати баланд ва мазмуни ғанӣ гузаронида шаванд.
Ҳамчунин, масъалаи таъмиру таҷдиди муассисаҳои садамавии тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ баррасӣ гардид. Дар баробари ин, вазъи хизматрасонии соҳаи барқ, таъмини устувори нерӯи барқ, пешгирии талафот ва навсозии таҷҳизоти барқтақсимкунӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Раиси ноҳия иҷрои саривақтии лоиҳаҳои банақшагирифташударо бахшида ба ҷашни Истиқлол муҳим шумурда, аз масъулин талаб намуд, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи муҳлат ва сифати баланд анҷом дода шаванд.
Дар охир, ба масъалаҳои ободонӣ ва зебогардонии маҳалҳо, мумфарш ва бетонпӯш кардани роҳҳо, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуд. Таъкид гардид, ки “зебогӣ аз соҳибзавқӣ ибтидо мегирад” ва ҳар як сокин бояд дар ободонии маҳалли зисти худ саҳм гузорад.
Инчунин, рушди муассисаҳои томактабӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба талаботи замони муосир, бахусус дар деҳот, аз вазифаҳои муҳим номида шуд.
Дар анҷоми машварат Раиси ноҳия ба ҳамаи масъулин ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button