
Дар партави сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қадршиносии заҳмати содиқона ва хизматҳои арзандаи кормандони соҳаҳои гуногун ба як анъанаи неку созанда табдил ёфтааст.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маросими тантанавии қадрдонӣ бо иштироки роҳбарият ва фаъолони ноҳия баргузор гардид. Раиси ноҳияи Айнӣ зимни суханронии худ аз саҳми арзандаи кормандони соҳаҳои маориф ва кишоварзӣ дар рушди ҷомеа ёдовар шуда, хизматҳои онҳоро баланд арзёбӣ намуд.
Дар фазои идона ва пуршукӯҳ як қатор шахсони фаъолу фидокор бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, Гулсара Зокирзода бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардида, Илҳомқул Саидов барои хизматҳои шоиста дар рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои коргарӣ бо нишони «Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, корманди соҳаи кишоварзӣ Қузибоев Абдурозиқ — кишоварзи Ҷамоати деҳоти Фондарё, ки солҳои зиёд бо меҳнати ҳалолу содиқона фаъолият намудааст, бинобар расидан ба синни нафақа, бо эҳтирому арҷгузории хосса ба нафақа гусел карда шуд.
Маросим дар рӯҳияи ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба меҳнат ва қадршиносии инсон анҷом ёфта, бори дигар собит сохт, ки заҳмати содиқона ва хизматҳои шоиста ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдонии давлату ҷомеа қарор мегиранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ




Смотреть статистику
83
14
5









